Модар- меҳвари меҳру муҳаббат

Март 10, 2015 15:38

Душанбе, 10.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар  Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар бо ширкати кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №65 ва 15-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Модар- меҳвари меҳру муҳаббат» мизи мудаввар доир гардид.
Дар ҷамъомад президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ғуломқодир Бобиев, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф Шарифмуроди Исрофилниё ва муовини директори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Абдулло Орипов зикр намуданд, ки таҷлил аз  Рӯзи Модар бо шарофати файзу баракати Истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад ва мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони занону духтарони фаъол аз ҷумлаи чунин иқдомот маҳсуб ёфта, парастиш ва гиромӣ доштани модарону хоҳарон аз ҷумлаи анъанаҳои қадимаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик мебошад. 
Дар ҷамъомад дар мавзӯи «Агар зан намебуд, олам намебуд», «Зан – модар- чароғи хонадон» «Симои зан – модар дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода» маърӯзаҳо шунида шуданд. Инчунин аз ҷониби хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 65 ва 15-и шаҳри  Душанбе барномаи адабӣ пешкаши иштирокдорон гардид.

Март 10, 2015 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд