Муҳокимаи хатарҳои муосир дар Суғд

Март 16, 2015 11:45

Душанбе, 16. 03. 2015. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд конфронси ҷумҳуриявии «Муҳоҷирати аҳолӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир: нақши ҷомеа ва мақомоти давлатӣ дар мубориза бо чунин зуҳурот» ба кори худ ифтитоҳ бахшид.
ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ конфронси мазкурро бо мақсади зери назорати доимӣ қарор додани вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва таҳлилу омӯзиши сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда доир мекунад.
Дар кори он намондагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Академияи илмҳои кишвар, Шӯрои уламо, намояндагони ташкилоти ҷамъиятиву  байналмилалӣ, профессорону омӯзгорони донишкадаву донишгоҳҳои мамлакат, намояндагони мақомоти марбутаи ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт, ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе, аз ҷумла: муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок доранд. Конфронсро ҳамчунин зиёда аз 35 нафар намояндагони ВАО инъикос намуда истодаанд.

Март 16, 2015 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад