Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Венкай Жанг
Душанбе, 04.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки осиёии рушд Венкай ЖАНГ-ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ба хусус барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои бӯҳронии хориҷӣ, баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар моҳи аввали соли равон 5,1 фоизро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 2 банди фоизӣ кам аст.
Венкай Жанг изҳор дошт, ки Бонки осиёии рушд ҳамоно дастгирии худро аз рушди босуботи иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла барои татбиқи босамари чораҳои Ҳукумати кишвар барои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ, идома медиҳад.
Бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки тайи солҳои ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон тақрибан 1,3 миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст. Ҳоло ба маблағи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, молияи давлатӣ ва ғайра мавриди татбиқ қарор доранд.
Атрофи лоиҳаи Стратегияи панҷсолаи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд барои солҳои 2016-2020, ки асосан масъалаҳои беҳтар намудани шабакаҳои роҳу нақлиёт, амнияти энергетикию озуқаворӣ, дастрасӣ ба оби тоза ва хизматрасонии иҷтимоӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақавиро бояд дар бар бигирад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки осиёии рушд барои дастгирии доимӣ ва ба хусус барои пуштибонӣ аз лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон – Туркманистон арзи сипос намуд.
Изҳори бовар карда шуд, ки лоиҳаҳои дигари пешниҳодшуда низ мавриди дастгирӣ қарор гирифта, тадриҷан дар амал татбиқ мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






