Натиҷагирии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»

Март 6, 2015 09:34

Душанбе, 06.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон барои ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли муаммоҳои экологӣ дар байни кормандони васоити ахбори омма таҳти унвони «Натиҷагирии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015»  озмун эълон менамояд.
               Ба озмун мавод ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод мешаванд.  Иштироккунандагони озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот дар бораи дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, бояд пешниҳод  намоянд. Ба маълумотнома нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо диск ва аннотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, шрифти Times New RomanTj 14 замима мешавад. Нусхаи электронии мавод ба суроғаи электронии eco.info@hifzitabiat.tj ирсол  мешавад. Шахсоне, ки дар озмун ғолиб дониста мешаванд, барои гирифтани мукофот ҳуҷҷати худро (шиноснома) пешниҳод намоянд.   
               Давраи баргузории озмун аз 1 март то 25 августи соли 2015 муқаррар шуда, он дар арафаи иди  Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мегардад. Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва ифтихорномаҳои кумита сарфароз гардонида мешаванд. 
Телефон барои тамос: 235-44-30

Март 6, 2015 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст