Оғози маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 01.03.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 1 март соати 6-и субҳ дар саросари мамлакат интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоатҳо оғоз ёфт. Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба палатаи поёнии парлумон 41 вакил — аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот ва мувофиқи рӯйхатҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот 22 нафар вакил, ҷамъ 63 нафар интихоб карда мешаванд. Дар интихоботи имсола намояндагони 8 ҳизби сиёсии кишвар-Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Комунистии Тоҷикистон, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Мувофиқи рӯйхатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 103 нафар ва дар 41 ҳавзаи интихоботии якмандатӣ 185 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, 79 нафар номзадҳо ба тариқи худпешбарӣ мебошанд. Барои гузаронидани интихобот зиёда аз 4 миллиону 408 ҳазор бюллетени овоздиҳӣ чоп карда шудааст. Овоздиҳӣ, мувофиқи қонунгузории интихоботӣ соати 6 — и субҳ шурӯъ гардид. Участкаҳои интихоботӣ дар қаламрави Тоҷикистон соати 20 — и шом баста мешаванд. Мавриди зикр аст, ки дар сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ 35 участкаи интихоботӣ ташкил карда шуд. Аз ҷумла, дар Федератсияи Русия дар шаҳрҳои Москва, Екатеринбург ва Уфа 3 участкаи интихоботӣ кушода шуданд. Ҷараёни интихоботро 525 нозири байналмилалӣ, аз ҷумла аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ назорат мекунанд. Ёдовар мешавем, ки интихобот дар мавриде баргузоргардида ҳисоб карда мешавад, ки дар он зиёда аз 50 фоизи интихобкунандагон иштирок намоянд.Доир ба рафти овоздиҳӣ дар рӯзи 1 марти соли ҷорӣ 4 маротиба мустақиман соатҳои 9, 12, 15 ва 18 хабар дода мешавад. Натиҷаҳои пешакии интихобот тахминан соати 10- и 2 март мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ эълон карда мешавад.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






