Оила- асоси пойдории давлат

Март 3, 2015 15:15

Душанбе,03.03.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Бо иштироки донишҷӯёни факултетҳои кибернетика, санъати тасвирӣ ва технология, физикаю техника ва математика дар факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинӣ бахшида ба муносибати соли 2015-соли оила ва рӯзи байналмилалии занону бонувон дар мавзӯи “Маърифати оиладорӣ- калиди хушбахтӣ” гузаронида шуд.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар чорабинӣ  декани факултети физикаю техника Раҳимҷон Назаров роҷеъ ба масъалаҳои омодагӣ ба оиладорӣ, саҳми занону бонувон дар ҷомеаи имрӯз, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамаи ҷавонон, дар бораи вайроншавии оилаҳои ҷавон ва бисёр мушкилиҳое, ки ба оилаву оиладорӣ мутааллиқанд, сухан гуфт.
Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа сафи бекоршавии ақди никоҳи оилаҳои ҷавон афзуда истодааст, ки ин боиси нигаронист. Инчунин мушкилоти дигар он аст, ки никоҳи хешутаборӣ бисёр шуда истодааст ва аз нигоҳи олимони соҳаи тиб ин амал боиси носолимии кӯдакони навзод мегардад.
 
 
 
 
 
 
 
 

Март 3, 2015 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад