Панҷакент: иншоотҳои обрасонӣ омодаи коранд

Март 16, 2015 14:11

Панҷакент, 16.03.2015.. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-  Тибқи дастури раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафиев омода намудани иншоотҳои обрасонии ин диёр аз ибтидои моҳи феврал оғоз гардид. Дар тоза кардани 5 канали калони шаҳр аз техника ва қувваи зарурии корӣ босамар истифода мешавад. Бояд зикр намуд, ки баъди тоза карда шудан дар каналҳо миқдори зарурии ғунҷоиши об таъмин мегардад.
   Бори аввал дар тӯли солҳои зиёд ба канали Тӯқсанкорез хеле барвақт- 4 март ба тариқи озмоиш об сар дода шуд. Об ба мақсади шустани регу лойи канал равона шуд. 
   Сармуҳандиси Идораи беҳдошти давлатии замин ва обёрии шаҳри Панҷакент Имомиддин Саидмуродов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи  истифодабарандагони оби Панҷакент дар каналҳо дарвозаҳо ва обченкунакҳо шинонида мешаванд. Имрӯзҳо дар мавзеи ҷамоати деҳоти Сӯҷина ва Нуристони ҷамоати Чинор корҳои охирини тоза кардани канал бо суръат хотима меёбанд.
   Мавриди зикр аст, ки имсол кишоварзони минтақаҳо, ки аз канали Тӯқсанкорез обёрӣ мешаванд,  ба кишти зироатҳо ва обёрии он хеле барвақт оғоз менамоянд. 

Март 16, 2015 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд