Пешгӯии ҳавошиносон

Март 30, 2015 13:29

Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).- Имрӯз,  30  март,  дар саросари  минтақаҳои  Тоҷикистон ҳавои  абролуду  камбориш  дар  назар буда,  ҳаво 8 — 10  дараҷа  гарм  мешавад. Имшаб ҳаво  камабр  шуда, каме барф  борида, ҳарорати  ҳаво  3 — 5  дараҷа  гарм  мешавад. 
Шабонарӯзи  31  март  ҳавои  камабру  камбориш  дар  назар  буда,    ҳаво   шабона 3 — 5  дараҷа  ва рӯзона 11 — 13  дараҷа  гарм  мешавад. 
Ба  гуфтаи  ҳавошиносон, ҳафтаи  оянда  серборишу  сард  мешавад. 
Пагоҳ,  31  март,  ҳарорати  ҳаво  рӯзона  дар  вилояти  Хатлон  12 — 14  дараҷа,  вилояти  Суғд 11 — 13  дараҷа,  ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ 12 — 14  дараҷа,  дар  ғарби  ВМКБ  9 — 11  дараҷа, дар  шарқи он 3 — 5  дараҷа  ва дар  шаҳри  Душанбе  13 — 15  дараҷа  гарм  мешавад. 
Дар  ин  бора аз Хадамоти ҳавошиносии Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар» хабар  доданд.
 

Март 30, 2015 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!