Пирӯзии паҳлавонони тоҷик дар Анталия

Март 10, 2015 11:40

Душанбе, 10.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дастаи мунтахаби наврасони дзюдои Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни кадетҳои 16-17- сола, ки дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд. 
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, Ёқубҷон Назиров дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кг баъди се пирӯзӣ бар Киллиан Пиротон (Люксембург), Никита Иванов (Русия) ва Георгий Папошвили (Гурҷистон) дар даври ниманиҳоӣ аз Адилет Талант Уулу (Қирғизистон) мағлуб гашт. Баъдан Ёқубҷон барои ҷойи севум Атам Барахоевро аз Русия шикаст дод ва соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Паҳлавони дигари тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило пас аз ду ғалаба бар Александр Курнакин (Русия) ва Санҷар Ҷабборов (Қазоқистон) дар даври ниманиҳоӣ аз Камол Кайтов (Русия) шикаст хӯрд. Сипас Хуршед дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум бар Мухтор Абдумалик аз Қазоқистон ғолиб омад.
Гуфта мешавад, ки Ҷоми Аврупо барои гӯштингирони навраси тоҷик аввалин мусобиқаи бузурги байналмилалӣ дар мавсими имсола маҳсуб мешуд. Ба ҳайати тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон 10 варзишгар шомил буд.
Дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни кадетҳо дар Туркия 462 варзишгар (292 мард ва 170 зан) аз 21 кишвар (17 кишвари Аврупо ва 4 кишвари Осиё) иштирок доштанд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи мунтахаби Русия бо касби 26 медал (6 тилло, 10 нуқра ва 10 биринҷӣ) ғолиб шуд. тими мунтахаби Туркия (3-1-4) ҷойи дувум ва дастаи мунтахаби Озарбойҷон (2-1-1) ҷойи севумро гирифтанд. Тими мунтахаби Тоҷикистон бо 2 медали биринҷӣ дар байни 21 кишвар ҷойи 11-умро соҳиб шуд.
 
 
 
 
 

Март 10, 2015 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид