Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Март 19, 2015 14:35

Душанбе, 19.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти шиддатнокии болоравии қурби асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ — сомонӣ, баҳри таъмини назорати иҷрои қонунгузории танзими асъор ва назорати асъор, инчунин таҳлилу бозомӯзии бозори он, бо таъсиси гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти прокуратура, милитсия, амнияти миллӣ ва намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ санҷишҳои муштарак гузаронида, камбудию қонунвайронкуниҳои зиёд ошкор ва баҳри бартараф намудани онҳо чораандешӣ намуд.
Ба иттилоои маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишу таҳлилҳо нишон доданд, ки гарчанде дар баъзе мавридҳо вазъи бавуқӯъомада ба омилҳои иқтисодӣ, бахусус таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва дар партави он ба бозори  молу маҳсулот алоқамандӣ дошта бошад, дар боқимонда мавридҳо нархи он ба таври сунъӣ аз ҷониби нафарони алоҳидаи ба чунин намуди фаъолият машғулбуда, бахусус нуқтаҳои фурӯши асъор, хариду фурӯши молу маҳсулот дар бозори дохилӣ бо асъори хориҷӣ, инчунин интиқоли ғайриқонунии асъор аз ҷониби нафарони алоҳида ба хориҷи кишвар боло бардошта шуда истодааст.
Гарчанде рӯзҳои охир қурби расмии хариди 1 доллари ИМА аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, яъне Бонки миллии Тоҷикистон то 6,28 сомонӣ ва фурӯши он то ба 6,30 сомонӣ муқаррар гардид, он дар нуқтаҳои фурӯш ғайриқонунӣ бо арзиши нисбатан баланд фурӯхта мешавад. 
Гузашта аз ин, ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки дар тахтаи эълонҳо қурби асъор аз рӯи меъёри муқарраркардаи бонк дарҷ  шуда бошад ҳам, дар вақти муроҷиати мизоҷон ягон нуқтаи фурӯш бо нархҳои пешбинигардида асъори хориҷиро нафурӯхта ё худ иброз медоранд, ки гӯё асъори хориҷӣ надошта бошанд. 
Зимни санҷишҳо ҳолатҳои фурӯши 100 доллари ИМА ба маблағи 650-660 сомонӣ ошкор шуд.
Аз ин ҳолат баръало  эҳсос мегардад, ки гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатдор бо роҳҳои сунъӣ ва манфиатдории молиявӣ вазъи бозори асъорро халалдор месозанд.
Аз ин лиҳоз, нисбат ба тамоми он нафароне, ки ба чунин қонунвайронкуниҳо даст зада, манфиатҳои худро аз манфиати давлату дигарон боло дониста, бо роҳҳои сунъӣ арзиши пулро мебардоранд, тамоми чораҳои бо қонун пешбинигардида андешида шуда, дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа масъалаи бозхонди иҷозатномаҳои барои чунин намуди фаъолият машғул шудан ва манъи фаъолияти онҳо баррасӣ мешавад.
Бояд зикр кард, ки баъзе нуқтаҳои мубодилаи асъор пешбурди баҳисобгирии амалиёти асъори анҷомёфтаро ба роҳ намонда, дар бораи онҳо ба мақомот ва агентиҳои назорати асъор ҳисобот пешниҳод накардаанд. Дар як вақт онҳо маблағҳои асъори хориҷии харидаашонро ба фурӯш набароварда, барои ба таври сунъӣ паст шудани қурби асъори миллӣ шароит фароҳам меоранд.
Чунончӣ, шаҳрванд С. Ҷабборов дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар кӯчаи Бухоро, 37 шаҳри Душанбе ба мубодилаи асъор машғул шуда, бархилофи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» дар тамоми давраи фаъолияташ пешбурди баҳисобгирии амалиёти асъориро ба роҳ намонда, дар як вақт маблағи асъори воридшударо ба фурӯш набаровардааст. Чунин ҳолатҳо низ ягона нестанд.
Дар баробари ин, ҳолатҳои бидуни иҷозатнома машғул шудани баъзе шаҳрвандон ба фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ ошкор шуданд.  
Чунончӣ, шаҳрванд С. Ғоибзода 14 марти соли 2015 дар назди нуқтаи фурӯши қолинҳои ҶДММ «Бозори Корвон» бе ягон ҳуҷҷати ҳуқуқдиҳанда ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи хариду фурӯш ва ивази он машғул шуда, аз шаҳрванд Н. Маҳмадизода 5000 рубли Федератсияи Русияро харид намуда, ба ивазаш 510 сомонӣ додааст.
Оид ба ин ҳолатҳо нисбат ба номбурда бо моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои бе иҷозатномаи дахлдор фаъолият кардан муқаррар мекунад, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз  шудааст.
Ё ин ки имрӯзҳо шахсони алоҳидаи манфиатдор бо роҳҳои пинҳонӣ ба интиқоли ғайриқонунии асъор ба хориҷи кишвар машғул мебошанд, ки аз тарафи  мақомоти прокуратура алакай чунин  гурӯҳҳо ошкор ва нисбаташон чораҳои қатъии қонунӣ андешида шуда истодааст.
Танҳо дар як чунин амалиёт ду нафар дастгир шуд, ки мехостанд 65 ҳазор доллари ИМА-ро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд.
Аз рӯи ин ҳолат аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ду нафар бо моддаҳои 259 қ.1, 263 қ.2 банди «а» ва 286 қ.3 бандҳои «б, в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.  
Умуман, дар натиҷаи санҷишҳои муштараки гузаронидашуда зиёда аз 192 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор шуда, нисбат ба гунаҳгорон тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида шуданд.
 
 

Март 19, 2015 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд