Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Март 19, 2015 11:16

Душанбе, 19.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-  Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати сеюмин солгарди ба фаъолият пардохтани китобхона рӯзи дарҳои боз баргузор гардид.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, намоиши китобҳои тозанашри илмиву адабӣ, маҷаллаву рӯзномаҳои соҳавӣ ба забонҳои мухталиф ва фурӯши китобҳо созмон дода шуд, ки хонандагони сершумор, бахусус наврасону ҷавонон аз он бархурдор гардиданд.
Ҳамчунин ба толорҳои хонишу марказҳои илмиву пажӯҳишӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии дохили бино экскурсияҳо ташкил шуданд.
Дар натиҷаи шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои китобхона нафарони зиёде ба сафи хонандагони дониш пайваста шаҳодатномаи узвият гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон 22-юми апрели соли 2011 ба бинои нави пуршукуҳ дар маркази шаҳри Душанбе кӯчид ва вобаста ба шароиту имконоти бинои нав, фаъолияти худро густариш дод, ва сафи хонандагонаш даҳо маротиба зиёд гардид.
 
 
 
 
 

Март 19, 2015 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст