Раванди овоздиҳӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ

Март 1, 2015 15:07

 
Душанбе, 1.03.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).-Бақайдгирии шаҳрвандон дар участкаҳои интихоботии ноҳияи Фирдавсӣ  низ тибқи қоидаҳои интихоботӣ сурат гирифта, сокинон бо ифтихори баланд ба номзади арзандаи худ раъй доданд. Аз ҷумла,  дар участкаи интихоботии № 20-и ноҳияи  Фирдавсӣ 1853 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 8 нафар бори нахуст иштирок намуданд. Мушаррафа Зиёева, раиси участкаи мазкур иброз дошт, ки барои шаффоф ва дар сатҳи демократӣ гузаштани интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони  халқ  ба участкаи  мазкур нозирони ИДМ  ташриф оварда, аз рафти интихобот дидан намудаанд.
         Шумораи интихобкунандагон дар участкаи интихоботии № 21-и ноҳияи Фирдавсӣ бошад, 1586 нафарро ташкил додааст. Дар робита ба ин Шарофат Уразова-раиси участкаи мазкур иттилоъ дода, зикр намуд, ки  дар интихоботи навбатӣ 4 нафар бори нахуст иштирок намуда, 6 нафари дигар маъюб мебошанд, ки бо қуттиҳои сайёр раъйи онҳо низ гирифта мешаванд.  Ба иттилои  Неъмат Сӯҳбатов-котиби участкаи якмандатаи № 23-и ноҳияи Фирдавсӣ,  сокинони пойтахт дар  интихобот  бо масъулияти баланд иштирок намуда, саҳми худро барои интихоби  номзади арзанда  гузоштаистодаанд. Ба гуфтаи мавсуф дар участкаи интихоботии  № 23-и ноҳия  2080  нафар  интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 5 нафар бори нахуст иштирок мекунанд.
           Дар участкаи интихоботии № 24-и ноҳияи Фирдавсӣ бошад, 1794 интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст. Тавре Сайидалӣ Қурбонов, раиси участкаи мазкур  дар робита гуфт,  аз 1794 интихобкунанда  4 нафар маъюб буда, 5 нафари дигар бори нахуст иштирок намуданд. Номбурда афзуд  зимни мушоҳидаҳо муайян гашт, ки интихобкунандагон бо  омодагии хуб ба интихобот омада, раъйи худро додаанд, ки  инро ӯ натиҷаи босамари ташвиқоту таблиғоти пешазинтихоботӣ, инчунин ҳисси баланди масъулиятшиносӣ доштани сокинон ном бурд.
     Сокинони ноҳияи Фирдавсӣ низ  аз рафти баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки дар солҳои баъдӣ бо зиёд намудани вохӯриҳои муштарак бо вакилон, бахусус вакилони маҳалливу ноҳиявӣ мушкилоти  онҳо низ бештар  ҳалли худро   хоҳад ёфт.
 
 

Март 1, 2015 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид