Сабукиҳо ба Хадамоти давлатии муҳофиза

Март 10, 2015 15:37

 
Душанбе, 10.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Аъзои  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран дар иҷлосияи  бистуякуми палатаи болоии Парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намуданд.
        Тибқи банди 11-и моддаи 104 Кодекси  андози Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд кормандони Хадамоти давлатии муҳофизаи Вазорати корҳои дохилии кишвар  аз пардохти андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод карда шуда, аз нуқтаи назари андозбандӣ онҳо ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баробар мегарданд.  
        Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози кишвар, бо мақсади  иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андозбандӣ, пурра фаро гирифтани андозсупорандагон, аз ҷумла беҳтар ба роҳ мондани андозбандии  истифодабарандагони  захираҳои табиӣ ва андешидани тадбирҳои  иловагӣ нисбат ба шахсоне, ки дар ин самт ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд, васеъ намудани  манбаъҳои андозбандӣ, такмили  маъмурикунонии андоз ва дастгирии соҳибкорӣ  таҳия шудаанд. 
     Ҳамзамон қонуни мазкур ба ҳалли масъалаҳои  марбут ба андозбандии фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон, андозбандии девидентҳо, даромадҳо аз  фурӯши ҳиссаи  иштирок, субсидияҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, объектҳои махсусан муҳим ва ғайриманқул равона  шудааст. Дар маҷмӯъ, ба Кодекси андози  Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 тағйиру илова ворид шудааст, ки он дар таъмини  шаффофияти ба андозбандӣ ҷалб намудани Бонки миллии Тоҷикистон, пешгирии саркашӣ аз андозсупорӣ  ва додани маълумот оид ба минтақаҳои офшорӣ, пешбинӣ намудани  сабукиҳо, бахусус осон намудани  расмиёти пардохти  андозҳо ба буҷет барои аз ҳисоби фоизҳо  озод намудани  маблағҳои   андозҳои тамдидшуда барои пардохти қарзҳои андозии қаблӣ равона шудааст. Инчунин  қонуни мазкур бо мақсади дастгирии молиявии муассисаҳои давлатии соҳаи фарҳанг аз манбаи андоз аз фоида ва андози низоми соддакардашуда  баровардани кумакҳои   аз буҷет  додашаванда ҳамчун  субсидияҳо,  аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани объектҳои   махсусан муҳим нигаронида шудааст. 
 

Март 10, 2015 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд