Судяи Суди Олии иқтисодӣ бозхонд гардид

Март 5, 2015 14:23

              Душанбе, 5.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар иҷлосияи ниҳоии палатаи болоии Парлумони мамлакат бо пешниҳоди  Президенти ҷумҳурӣ ва Қарори  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафармоҳ Имомова бо сабаби ба кори дигар гузштан аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ бозхонд гардид. 
      Инчунин бо пешниҳодҳои  Президенти ҷумҳурӣ  ва қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии кишвар 210 нафар  машваратчии  халқии Суди  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2015-2020,   104 нафар  машваратчии  халқии коллегияи  ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 интихоб шуданд.
   Дар иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллӣ ҳамзамон масъалаҳои марбут ба сохти марзиву маъмурии кишвар баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд. 
 
 

Март 5, 2015 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд