Суханронии Н.Эмомзода дар ҷаласаи ЭКО
Душанбе, 02.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Теҳрон 25-умин ҷаласаи Шӯрои банақшагирии минтақавии кишвархои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ба кор оғоз кард. Дар ҷаласа сафирони 10 кишвари узви ЭКО ва низ ҳайатҳои намояндагии кишварҳои аъзо ширкат доштанд.
Тавре ки коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) Шоҳмансури Шоҳмирзо хабар дод, дар ҷаласаи мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори ҶТ дар ҶИЭ Неъматулло Эмомзода сухан гуфт.
Н. Эмомзода, ки ҳамзамон намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ(ЭКО) маҳсуб мешавад, дар суханронии худ дар ҷамъи ширкаткунандагон роҷеъ ба дурнамои созмони мазкур ишора намуда, таваҷҷуҳи ҳозиронро ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва заминаҳои мавҷуд дар ин амр, бахусус дар хусуси масъалаҳои истифодаи оқилона аз захираҳои обии энергетикӣ, нақлиёт, савдо, сармоягузорӣ, саноат, сохтмон ва иҷрои нақшаи амалии созмон дар бораи мусоидат дар таҷдиди Афғонистон ҷалб намуд. Ҳамчунин сафир ширкаткунандагонро бо барномаҳои Тоҷикистон дар соли 2015, аз ҷумла ҷаласаи вазирони фарҳанги кишварҳои ЭКО (21 — 23 март, шаҳри Хуҷанд), баргузории Конфронси байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005 — 2015 ва талошҳои минбаъда ҷиҳати ноил гардидан ба рушди устувори захираҳои обӣ, ки 9 — 11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ошно ва аҳамияти онҳоро бозгӯ намуд.
Ёдовар мешавем, ки 25-умин ҷаласаи Шӯрои барномарезии минтақавии ЭКО рӯзҳои 1-5 марти соли равон дар Теҳрон баргузор мегардад ва ҳайати бонуфузи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласаҳои Шӯро ширкат меварзад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






