Таҳқиқи илмӣ дар фарҳанги ислом
Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Китоби олимон Темур Атахонов ва Сафар Сулаймонӣ «Донишномаи навини ислом» бори аввал таҳқиқест, ки ба таври густарда таълиф гардидааст ва дар заминаи манобеи илмӣ, илмӣ-оммавӣ, адабӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ- Таврот, Инҷил ва Қуръон, ки бо забонҳои арабӣ, форсӣ, русӣ ва тоҷикӣ ба табъ расидаанд, мураттаб гардидааст.
Дар китоб беш аз 1200 мафҳум ва истилоҳоти илмӣ, ки моҳиятан масъалаҳои мухталифи дини ислом ва тамаддуни исломиро ифода менамоянд, шарҳу тафсири тоза дода шудаанд.
Имрӯз танҳо роҳи шинос намудани мардум бо таърихи пайдоиш ва паҳнгардии ислом, моҳияти тарбиятӣ, таълимӣ ва инсонгарию таҳаммулпазирии он таҳия ва нашри луғатномаҳо, донишвожаҳо ва фарҳангҳои истилоҳоти исломӣ мебошад, зеро ин қабил асарҳо аз ҷиҳати сохтор имконият доранд, ки аз ҳарфи “А” то ҳарфи “Я” доир ба ислом ба хонандагон маълумотҳои заруриро пешкаш намоянд. Ин имконият медиҳад, ки хонанда ба таври мухтасар бошад ҳам, дар бораи дини ислом, таърихи пайдоиш, паҳншавӣ, ҳамчунин доир ба моҳияти тарбиятию ғоявии донишандӯзии он иттилооти заруриро пайдо намояд.
“Донишномаи навини ислом” асосан дар заминаи сарчашмаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ, таърихӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ, забоншиносӣ, динӣ тартиб дода шудааст. Дар баъзе мавридҳо муаллифон иттилооти асотирӣ, ривоятӣ ва қиссаҳои мардумиро низ мувофиқи матлаб мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.
Дар таълифи “Донишномаи навини ислом” муаллифон таҷрибаи фарҳангсозии ҷаҳонро ба инобат гирифтаанд. Кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки дар фарҳанг то ҳадди имкон истилоҳҳои дар дини ислом ҷой доштаро гирд оварда, онҳоро воқеъбинона шарҳу тавзеҳ диҳанд.
Китоб барои мутахассисони дини ислом, омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон пешниҳод мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






