Таҷлили Наврӯз-2015 дар «Чароғи ҳидоят»

Март 24, 2015 09:59

Душанбе, 24.03.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуд.
Раиси кумита Махфират Хидирзода ҷамъомадагонр бо  ҷашни миллии Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, дар бораи пайдоиш ва арзишҳои миллии Наврӯзи Аҷам  сухан гуфт.
Дар чорабинӣ ҳунарҳои дастии духтарони маркази таълимии «Чароғи ҳидоят», аз қабили нонпазӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, кашидадӯзӣ, шерозбофӣ, намудҳои гуногуни пухтупаз ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳамзамон  духтарон бо барномаи фарҳангӣ, аз қабили рақс, суруду тарона, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, қироати шеърҳои наврӯзӣ баромадҳои хотирмон намуданд.
Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Лола Азизова, Муҳаррама Шарипова бо шеърҳои баландмазмун табъи ҳозиринро боз ҳам шодтар намуданд.

Март 24, 2015 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад