Таъини роҳбарияти нави Прокуратураи генералӣ
Душанбе, 5.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз пас аз ба даст омадани розигии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовинони қаблии прокурори генералӣ аз вазифа озод ва ба ҷойи онҳо шахсони дигар таъин гардиданд.Ҳамин тариқ, Ҳотам Назарзода муовини якуми Прокурори генералӣ таъин карда шуд. Ба вазифаи муовинони прокурори генералӣ Муҳаммадиброҳим Осимзода ва Валӣ Ваҳобов омаданд. Сафаралӣ Мирзозода муовини прокурори генералӣ-сарпрокурори ҳарбӣ таъин гардид.
ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНДар бораи муовини якуми Прокуроригенералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданиНазарзода Ҳ.Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :Назарзода Ҳотам Назрулло муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе5 марти соли 2015№384 Назарзода Ҳотам НазруллоМуовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии ТоҷикистонНазарзода Ҳотам Назрулло соли 1957 дар ноҳияи Данғара таваллуд ёфтааст. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 30 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси коромӯз дар вазифаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Зафаробод оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Уротеппа, муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ленин, мудири маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Данғара, муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Бохтар, муовини прокурори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, сардори раёсати тафтишотии прокуратураи вилояти Хатлон, муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Бохтар, муовини прокурори шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, муовини прокурори шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, муовини прокурори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, прокурори ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва прокурори ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кор кардааст.Аз январи соли 2007 то имрӯз дар вазифаи прокурори нақлиёти Тоҷикистон фаъолият кардааст.
ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини Прокурори генералииҶумҳурии Тоҷикистон таъин намуданиОсимзода М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :Осимзода Муҳаммадиброҳим муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе5 марти соли 2015№385
Осимзода МуҳаммадиброҳимМуовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Осимзода Муҳаммадиброҳим соли 1959 дар шаҳри Ангрени Ҷумҳурии Узбекистон таваллуд ёфтааст. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 33 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси коромӯзи прокуратураи ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои ёрдамчии прокурори ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе, ёрдамчӣ, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Душанбе, прокурори шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо оиди ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи РСС Тоҷикистон, муовини прокурори ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оиди ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шӯъбаи кадрҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ ва хоҷагии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои гражданӣ ва иқтисодии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, таъминоти ҳуқуқӣ ва маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз январи соли 2015 то имрӯз дар вазифаи прокурори ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият намудааст.
ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини Прокурори генералииҶумҳурии Тоҷикистон таъин намуданиВаҳобов В.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :Ваҳобов Валӣ Манонович муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе5 марти соли 2015№386
Ваҳобов Валӣ МаноновичМуовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ваҳобов Валӣ Манонович соли 1963 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд ёфтааст. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 26 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси коромӯз дар вазифаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои ёрдамчии прокурори ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе, прокурори шуъбаи назорати риояи қонунҳо дар мақомоти амният ва муносибатҳои байналмиллалии прокуратураи РСС Тоҷикистон, муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе, ёрдамчии калони прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Раёсати прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, прокурори калони ҳарбии шуъбаи назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи омор ва таҳлили прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз марти соли 2011 то имрӯз дар вазифаи сардори шӯъбаи омор ва таҳлили Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини Прокурори генералӣ –Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Мирзозода С.Р.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :Мирзозода Сафаралӣ Раҳим муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонш. Душанбе5 марти соли 2015№387
Мирзозода Сафаралӣ РаҳимМуовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мирзозода Сафаралӣ Раҳим соли 1968 дар ноҳияи Восеъ таваллуд ёфтааст. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 20 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе, прокурори ҳарбии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфаттиш, муфаттиши калони шӯъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, муовини аввали прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, сардори шӯъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, муовини Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори ҳарбии гарнизони Суғд кор кардааст.
Аз моҳи майи соли 2014 то имрӯз дар вазифаи муовини аввали прокурори шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.