Таъиноти кадрӣ
Душанбе, 30.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 6 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин намуда, ҳамчунин як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.
Ҳамин тариқ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд:
— Фарҳод Раҳимӣ – Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Хайрулло Сафарзода – директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун;
— Саодат Аминҷонова – муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавии беморхонаи клиникии шаҳрии №1, ба номи С.Урунови шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд;
— Меҳринисо Бобобекова — раиси бунёди байналмилалии Хубони порсигӯ;
— Мурзабай Ҷошбаев – раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
— Абдурасул Насимов – раиси ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинҳои якум ва муовинони роҳбарони як қатор вазорату идораҳо таъин карда шуданд.
Саидраҳмон Назриев, ки то ин вақт муовини вазири рушди иқтисод ва савдо буд, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо таъин шуд.
Хол Ҳайдар муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав, Саъдулло Гардуллозода муовини вазири саноат ва технологияҳои нав, Сӯҳроб Мирзоев муовини якуми вазири нақлиёт, Ҷамшед Шерматов муовини вазири молия ва Ҷамшед Шоимов муовини вазири энергетика ва захираҳои об таъин гардиданд.
Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Файзуллоев сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зафаршо Иброҳимов муовини якуми директори муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Шаҳло Неъматова муовини директори муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Тавре аён мегардад, аксари касони ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва ба вазифаҳои нави пурмасъулият дар ҳайати роҳбарии вазорату идораҳо таъингардида кадрҳои ҷавон ва кордону корозмуда мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаашон барору комёбӣ таманно намуда, ҳамзамон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ҳидоят кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






