В. ЖАНГ: «БОР ҷонибдори дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон»

Март 4, 2015 17:57

Душанбе, 4.02.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Мо имрӯз бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбати пурмӯҳтаво доштем, ки дар он мо масоили вобаста ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои ин кишвар бо Бонки осиёии рушд (БОР)-ро муҳокима ва баррасӣ намудем», — гуфт ба хабарнигорон 4 март пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки осиёии рушд Венкай ЖАНГ. 
Вай афзуд, ки дар давоми ҳабдаҳ соли охир байни БОР ва Тоҷикистон ҳамкориҳои бисёр самаранок ҷараён доранд, мо аз ин ҳамкориҳо ниҳоят қаноатмандем ва кӯшиш менамоем, ки сатҳи ҳамкориҳоро боз ҳам аз ин болотар бардорем. 
«Ҳамчунин мо доир ба имкиноятҳо ва сатмҳои мушаххасӣ ҳамкориҳо дар давраҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат табодули афкор намудем. Мо имрӯз баррасӣ намудем, ки чӣ гуна барои ҳаллу фасл намудани мушкилоти мавҷуда мо дар оянда бояд ҳамкорӣ кунем. Мехостам қайд намоям, ки   БОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд соҳаҳои гуногун, хусусан дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, идоракунии захираҳои табиӣ, идлораи захираҳои об, маориф ва идоракунии маблағҳои давлатӣ ҳамкорӣ намуда, ин соҳаҳоро дастгирӣ намуда истодааст», — тазаккур дод Венкай ЖАНГ. 
Ноиби президенти Бонки осиёии рушд доир ба ҳамкориҳои ояндаи ин муассисаи молиявӣ гуфт: «мо омодаем соҳаҳои нақлиёт, таъмир ва беҳсозии роҳҳо, бахусус роҳҳои оҳан, инчунин дастгирии худро дар соҳаи энергетика давом диҳем. Дар ин ҷода хусусан мехоҳем дар самти истеҳсол ва интиқоли нерӯи барқ кӯмак расонем. Инчунин дар самти азнавсозӣ ва таъмиру барқароркунии иншооти соҳаи энергетика низ ҳамкорӣ хоҳем кард. Дар дигар соҳаҳо, аз ҷумла маориф, бахусус таҳсилоти касбӣ, беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, идоракунии захираҳои оби ин кишвар ҳамкориҳоро густариш хоҳем дод. Мо баррасӣ намудем, ки чӣ гунна метавонем ба Тоҷикистон кӯмак расонем, то он ки ин кишвар тавонад бештар бо минтақа ҳамгиро шавад. Дар ин ҷода мо мехоҳем, ки тавассути амалӣ намудани лоиҳаҳо оид ба ҳамгироии минтақавӣ ҷиҳати ҳамгиро сохтани ин кишвар ба минтақа кӯмак расонем. Соҳаи дигаре, ки мо мехостем дар оянда ҳамкорӣ кунем ин дастгирии бахши хусусӣ, бахусус рушди соҳибкории хурду миёна мебошад, ки ин бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон амалӣ хоҳад гашт».  
Венкай ЖАНГ зикр намуд, ки бо назардошти зарурат ва мушкилоти мавҷуда мо масъалаи дастгирии рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро низ баррасӣ намудем. Бахусус бо назардошти авзои геополитикӣ мо имрӯз масъалаҳои таъсири манфии чораҳои гуногуне, ки аз ҷониби дигар кишварҳо дида шудааст, баррасӣ кардем. Мо кӯмакҳоямонро ба Тоҷикистон дар ду соли оянда бештар менамоем. Ба хулоса омадем, ки БОР барои дастгирии буҷети давлатии Тоҷикистон низ маблағҳои иловагӣ ҷудо намояд. 
«Мо инчунин масъалаҳои кумакҳои бештари имтиёзноки БОР ба Тоҷикистонро ба соҳаҳои афзалиятноки кишвар баррасӣ намудем. Мо ҳоло дар арафаи таҳияи лоиҳаи нави ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд барои солҳои 2015-2020 қарор дорем, ки ин барои панҷ соли оянда аст. Ҳамин тариқ ман гуфта метавонам, ки мо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як суҳбати ниҳоят хуб ва пурмӯҳтаво доштем ва Президентро бовар кунондам, ки БОР ҷонибдори дастгирии рушди иқтисодиёт ва ислоҳотҳо дар ин кишвар аст», — гуфт дар хотима Венкай ЖАНГ.   

Март 4, 2015 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид