Ғолибони форуми технологияҳои иттилотиву коммуникатсионӣ

Апрель 22, 2015 09:52

Душанбе,22.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Аз 13 то 18 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон баргузор гардид. Дар форум оид ба технологияҳои иттилотиву коммуникатсионӣ аз рӯи 5 номгӯй байни довталабон озмун гузаронида шуд, ки 23 лоиҳа аз литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ — туркӣ пешниҳод шуд.
Бояд гуфт, ки дар рӯзи якуми озмун 94 лоиҳа аз муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар пешниҳод шуда, бо 4 лоиҳа хонандагони литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ-«Роҳнамои мактаб» (ЛИМТТ-и Ҳоҷӣ Камол), «Паёмакҳои махфӣ» (ЛИМТТ-и иқтисодӣ), «Зудомӯз» ( ЛИМТТ-и шаҳри Кӯлоб) ва «Ҷадвали даврии элементҳои химиявӣ» (ЛИМТТ-и Мавлоно) соҳиби Гранд-При гардида, ҳамчун туҳфа бо ноутбук қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар рӯзи дуюми озмун 12 лоиҳа аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд, ки 10 лоиҳаи он аз ҷониби хонандагони литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ пешниҳод шуд. Хонандагони литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо туҳфа ва сертификат қадрдонӣ шуданд. Аз рӯи номгӯи «Васлакии ҳозиразамон» — Муҳташам Облоқулов ва Муҳаммадҷон Кабулов — ЛИМТТ- иқтисодӣ ҷои 1-ум, «Тасарруфи об» — Ҷамшед Ашуров ва Дориюш Далерзод, «Алюминиум барои системаи гармкунии хона» — Шаҳноза Абдулҳамидова ва Амина Шербоева, «Гилеми дӯстдоштаи ман» — Дониёр Носиров ва Шавкат Хамитов — ЛИМТТ-и иқтисодӣ, «Ҷустуҷӯи Офтоб» — Азиз Мизробов ва Алишер Абдураҳмонов — ЛИМТТ- Хоҷӣ Камол ҷои 2-юм, «Авторобот» — Беҳзод Файзиев ва Мансур Заробеков — ЛИМТТ- Хоҷӣ Камол, «Васлкунаки барқӣ (розетка) бо системаи биметаллӣ» — Наврӯз Зиёев ва Сиддиқ Наимов — ЛИМТТ-и шаҳри Кӯлоб, «Нури микромавҷӣ барои системаи гармкунии хона» — Субҳия Муродова ва Фараҳноз Каримова — ЛИМТТ-и иқтисодӣ, «Чароғаки роҳнамо» — Лутфулло Шоҳҷон ва Саидҷон Ёрмаҳмадов — мактаби байналмилалӣ, «Роботи муҳофиз» — Сафарҷон Ҷомиев ва Шаҳзод Солиев — ЛИМТТ-и шаҳри Турсунзода ҷои 3-юмро ишғол намуданд.
 
 

Апрель 22, 2015 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд