Қатли 600 нафар дар Яман

Апрель 8, 2015 09:25

Душанбе,08.04.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Дар шаҳри Адани қисми ҷанубии Яман  миёни неруҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни гурӯҳи ифротгарои «Ал-Ҳаусӣ» даргирии шадид ба амал омад. Дар ҷои ҳодиса 53 нафар ҷон бохта, 150 нафари дигар захми гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Дар ин муддат дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва даргириҳои мудҳиш бар иловаи талафоти зиёди ҷонӣ садҳо иншооти давлатӣ ва манзилҳои истиқоматии сокинон хароб гардиданд. Гуфта мешавад, ки аз оғози нооромиҳо то кунун дар Яман беш аз 600 нафар қурбон шуд, ки занону кӯдакон низ шомили онанд. 
Душанбе,08.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои  шабакаҳои телевизиоини Би- Би-Си аз  сабаби боришоти боронҳои пай дар пай дар  қисми шимолии Бангладеш  дар минтақаи Бокра ва пойтахти мамлакат-шаҳри Дакка  обхезии шадид ба амал омада, шумораи қурбониёни тӯфон ба 38 нафар расид. Ҳоло беш аз 150 каси дигар дар рӯйхати бедаракгаштагон аст. Дар натиҷаи офати табиӣ чанд нафари дигар бо шумули занону кӯдакон захм бардошт. Бар асари канда шудани хатҳои интиқоли барқ садҳо биноҳо аз истифодаи он маҳрум монданд. 
     Душанбе,08.04.2015.(АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои расонаҳои хабарӣ дар Ҷумҳурии Мали шаби гузашта як гурӯҳи силоҳбадастони номаълум ба минтақаи Гао ҳамла карда, чанд бинои истиқоматиро хароб намуданд. Гуфта мешавад, ки дар пайи ин ҳамла як нафар сокини осоишта ба ҳалокат расида, 3 тани дигар  захм бардошт. Тибқи иттилои сарчашма аз сабаби мустақар будани неруҳои ҳомии сулҳи Франсия дар қисми шимолии Мали чунин ҳамлаҳои фоҷеабор  пайваста ба амал меояд.
    Душанбе,08.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аз дирӯз боз дар Туркия дастрасӣ ба шабакаҳои интернетии YouTube, Twitter ва Facebook маҳдуд  шуд. Ҳукуматдорони Туркия даст ба ин иқдом задани худро дар паҳн кардани акс ва наворҳои ба гаравгон гирифтани прокурори шаҳри Истанбул Меҳмед Селим дар сомонаҳои интернетӣ маънидод карданд. Ба гуфти ҳукуматдорони кишвар сомонаҳои маҳдудшуда дар қаламрави Туркия баъди тоза кардани аксу наворҳои мазкур аз шабакаи интернет боз фаъол гардонида хоҳанд шуд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар рӯйхати саҳифаҳои интернетии ғайрифаъол боз 160 сомонаи дигар низ шомил аст. 
 

Апрель 8, 2015 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад