200 ҷавон Омӯзишгоҳи олии сарҳадии «КДАМ»-ро хатм кард

Апрель 22, 2015 09:59

Душанбе,22.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Як гурӯҳ ҷавонон баъд аз пурра аз худ кардани донишҳои низомӣ ва ҳифзу ҳимояи сарҳадоти мамлакат дар Қисми низомии 2620-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутба ва диплом сарфароз гардонида шуданд. Маросими супоридани рутба ва дипломҳо дар фазои тантанавӣ доир гардид. Қариб 200 нафар ҷавон Омӯзишгоҳи олии сарҳадии «КДАМ»-ро хатм ва қисме аз ин теъдод баъд аз гузаштани 1,5 соли адои хизмат барои идомаи хизмати ҳарбӣ савганд ёд кард. 
Дар маросими супоридани рутба ва дипломҳо масъулони КДАМ ҶТ, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии ҳамин Кумита, собиқадорон ва меҳмонони зиёде аз мақомоти дахлдор ширкат карда, ин муваффаққиятро барои ҷавонони сарбаланд шодбош гуфтанд. Баъд аз анҷоми маросими савгандёдкунӣ дар ҳузури наздикону пайвандон сарбозону афсарон дониш ва қобилияти низомии дар ҷараёни таҳсил омӯхтаашонро бо чусту чолокии хосса намоиш доданд. 
Ҳамзамон барои мукаммал намоиш додани дарсҳои низомӣ амалиёти махсусро низ намоиш доданд, ки ҳолатҳои убури ғайриқонуниро дар сарҳадоти мамлакат инъикос намуд. 
 

Апрель 22, 2015 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!