Анҷумани якуми Иттифоқи ҷанговарони интернатсионалист

Апрель 28, 2015 11:31

 
Душанбе, 28.04.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат).-  25  апрел  дар  шаҳри  Душанбе анҷумани  якуми Иттифоқи собиқадорони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор  гардид. 
Тавре  ки   раиси  иттифоқи  мазкур  Шавкат  Мирзоев  хабар  дод, дар  кори  анҷуман  беш  аз  100  нафар  вакилон  аз саросари  минтақаҳои  Тоҷикистон  ширкат  доштанд. 
Дар  анҷуман  ҳисоботи  раиси  ҳозираи Иттифоқи  собиқадорони  интернатсионалисти  ҶТ  Шавкат  Мирзоев  шунида шуд. 
«Алҳол Иттифоқи  собиқадорони интернатсионалист  дар 17  шаҳру  ноҳияҳои  кишвар  намояндагиҳои  худро  дошта,  беш  аз 4,5  ҳазор  нафар  ҷанговарони  интернатсионалистро  дар  сафҳояш  муттаҳид  месозад», — гуфт  Шавкат  Мирзоев. 
Анҷуман  бо  усули  овоздиҳии  кушода  ҳисоботи раиси иттифоқро  дар  бораи  фаъолияти  он  аз 3  декабри  соли  2009  то 25  апрели  соли  2015  тасдиқ  намуд. Дар  анҷуман  ҳамчунин ҳиоботи Комиссияи  тафтишот  шунида шуд. 
Масъалаи  асосии  анҷуман  иборат  аз интихоби  ҳайати  нави  Раёсати  созмони  мазкур  ва  раиси он  буд. 
Дар натиҷаи  овоздиҳии  кушода Шавкат  Мирзоев  бо аксарияти овозҳо боз барои  муддати 5  сол раиси Иттифоқи  собиқадорони  интернатсионалисти  ҶТ   интихоб гардид.
Ёдовар  мешавем, ки  раиси  такроран  интхобшудаи  иттифоқи  мазкур  Шавкат  Мирзоев  23  майи  соли  1960  дар  шаҳри  Душанбе дар  оилаи  муаллим таваллуд  шудааст. Номбурда  аз  соли  1984 то  соли  1986  ба ҳайси тарҷумони  шуъбаи разведкавӣ  дар  Афғонистон   кор карда,   дар  беш  аз  40  амалиёти  ҳарбӣ  иштирок намудааст. 
Шавкат  Мирзоев   дар ҷараёни  амалиётҳои  ҳарбӣ  се  маротиба   захм  бардошта,   барои   диловарию  шуҷоат  бо  ду нишони  «Ситораи  сурх», медалҳои  «Барои шуҷоат» ва «Барои  маҳорат дар  ҳифзи Сарҳади  давлатӣ» мукофотонида шудааст. 
Номбурда  аз  соли  1994 то соли  2006  дар  мақомоти  амнияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  кор карда,  соли  2007  бинобар вазъи  саломатиаш  ба  нафақа баромад. Дорои унвони  ҳарбии  подполковник, оиладор ва  соҳиби 2  фарзанд  аст.
 

Апрель 28, 2015 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад