Беш аз 13 ҳазор нафар расман мақоми бекорро касб намуд
Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар семоҳаи якуми соли 2015 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 31504 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки 18969 нафари онҳо ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 13436 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар маҷмӯъ 9518 нафар шаҳрванди бекор бо ҷойи кор таъмин гардид. Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квота) 750 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 904 нафар соҳиби ҷойи кор шуд.
Дар асоси 71 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 1740 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 5789 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуд. Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 47605 ҷойи кории нав таъсис дода шудааст. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 159 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 1200 нафар корҷӯй соҳиби ҷойи кор гардида, ба 1476 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуда, 461 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардида, ба 6457 нафар шаҳрванд хизматрасонии касбӣ расонида шуд. Тибқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ таъсиси 142 ҳазору 362 адад ҷойи корӣ пешбинӣ шуда, дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 47 ҳазору 605 адад ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки 33,4 фоизи нақшаи барномаро ташкил медиҳад, аз ҷумла ба ВМКБ — 1711 ҷой, вилояти Хатлон — 12378, Суғд — 14975, шаҳри Душанбе — 9030 ва НТҶ — 9511 ҷойҳои нави корӣ рост меояд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






