Боздиди Э. Раҳмон аз қисми ҳарбии танкии Вазорати мудофиа

Апрель 24, 2015 15:37

Душанбе, 24.04.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз яке аз қисмҳои ҳарбии танкии Вазорати мудофиа дидан карда, бо ҳолати омодагии доимии ҷангии ҳайати шахсии он бевосита шинос шуд.
 
Дар ҳудуди қисми низомӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити вобаста ба будубоши доимии ҳайати шахсӣ бевосита шинос шуда, ба масъулин барои боз ҳам беҳтар намудани корҳо супоришҳои мушаххас дод.
 
Ба хонаи махсус, ки барои истиқомати муваққатии сарбозони оиладор бо зану фарзандонашон пешбинӣ шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид, зеро чунин манзилҳо бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар тамоми қисмҳои низомӣ бунёд меёбанд.
 
Сарбози оиладор метавонад завҷаашро даъват карда, муддати муайян дар ҳамин ҷо ҳамроҳ зиндагӣ кунад.
 
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ғайр аз ин, дастур дод, ки сарбозони оиладорро ҳар се-чор моҳ ба муддати 10 рӯз рухсатӣ диҳанд.
 
Зимни дидан аз ҳудуди қисми низомӣ, ҳамчунин аён гардид, ки дар ин ҷо барои гузарондани машғулиятҳои ҳамарӯзаи ҳарбӣ синфхонаҳои муҷаҳҳаз ва ҳам таълимгоҳҳои тобистона дар зери айвонҳо омода шудаанд, ки бо талаботи иқлими маҳал мутобиқ мебошанд.
 
Хобгоҳҳои сарбозон дорои шароити хуби будубош буда, дар ошхона ҳам ҳама чиз барои омода кардани хӯрокҳои серғизо ва риояи талаботи санитарӣ пешбинӣ шудааст.
 
Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон дар майдони сафороии қисми низомӣ дар назди ҳайати шахсии он суханронӣ намуда, ба ташкили босифати машқу машғулиятҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани омодагии доимии ҷангии қисмҳои низомӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Чунонки таъкид гардид, вазъи ноустувори ҳарбию сиёсӣ дар кишварҳои зиёди мусулмонӣ, аз ҷумла дар Афғонистони ҳамсоя ва фаъол гардидани нерӯҳои гуногуни террористию ифротгаро аз тамоми воҳидҳои низомӣ, дигар сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот омодагии қавии доимӣ, ҳушёрию зиракӣ ва тақвияти ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистонро тақозо мекунад.
 
Пас аз тамошои гузашти низомӣ ва қадамзании мутантани роҳбарият ва ҳайати шахсии қисми низомӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо омодагии афсарону сарбозон ва техникаи вазнини ҷангӣ ҳангоми эълони бонги хатар бевосита шинос шуд.
 
Чунонки аён гардид, ин қисми ҳарбии танкӣ дорои шумораи зиёди танку дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ буда, ҳамаи он дар ҳолати хуби омодагӣ қарор доранд. Маҳорату малакаи ҳарбии ҳайати шахсӣ бо истифода аз техникаи ҷангии зиреҳпӯш пайваста зимни машғулиятҳои рӯзмарра ва машқҳои низомӣ дар машқгоҳҳои васеи ҳарбӣ сайқал дода мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 24, 2015 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад