Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 40-солагии «Ширкати Алюминийи Тоҷик»
Душанбе, 01.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Расо 40 сол муқаддам дар бузургтарин корхонаи саноатии мамлакат Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» истеҳсоли нахустин хулаҳои алюминий оғоз гардида, ба эҳёи саноати металургии тоҷик асос гузошта шуд. Ба муносибати чилсолагии ба фаъолият шурўъ намудани ин корхонаи бузурги саноатӣ имрўз бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода чорабиниҳои тантанавӣ доир гардиданд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва ҳайати ҳамроҳонаш дар аввал бо ҷараёни истеҳсоли алюминий дар коргоҳхои алоҳидаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» шинос шуда, бо мутахассисону коршиносони соҳа доир ба беҳдошти вазъи иқтисодию молиявии корхона, афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ суҳбат кард. Таъкид кардан ба маврид аст, ки новобаста аз буҳрони сартосарии молиявию иқтисодӣ дар бештари кишварҳои ҷаҳон бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли алюминий аз фаъолият бозмонда, аксари корхонаҳои дигари ин соҳа ба коҳиш додани ҳаҷми истеҳсолот рў овардаанд. Дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи алюминийи тоҷик имрўз фаъолияти муътадил дошта, аҳли заҳмати он барои баланд бардоштани имконоти истеҳсолӣ ҷаҳду талош менамоянд. Дар ҳоли ҳозир иқтидори истеҳсолии корхона баробар ба 170 ҳазор тонна дар як сол буда, бо ба кор андохтани дегҳои иловагӣ дар солҳои наздик иқтидори он ба 300 ҳазор тонна расонида мешавад. Барои афзун намудани истеҳсолот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи фаъолияти давра ба давраи корхона ва барномаи зиддибўҳронӣ таҳия гардида мавриди амал қарор дорад. Дар самти бо ангиштсанг ба роҳ мондани истеҳсоли алюминий низ корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд. Барои афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва дастрасии бештар ба ашёи хоми маҳалӣ бо бузургтарин ширкатҳои хориҷӣ аз кишварҳои ҶМЧ, Сингапур ҳамкории самарабахш ба роҳ монда шуда, навсозии коргоҳҳо ва таҷҳизоти тавлидотӣ бомаром идома дорад. Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 40 солагии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аҳли заҳмати корхона ва собиқадорону мутахассисони металлургияи тоҷикро аз номи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шодбош гуфта, таъкид кард, ки дар ҷавоб ба ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Сарвари Давлат аз аҳли заҳмати корхона баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, рушди бемайлони металургияи тоҷик ва дар маҷмўъ, меҳнати софдилона ба нафъи Ватану миллат тақозо мешавад. Барои эҳтиёҷот ва истифода ба корхонаи алюминий аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳашт адад автобус ҳамчун туҳфа дастрас шуд. Ҳамзамон наздик ба 500 нафар фаъолони металлургияи тоҷик бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои пулию молӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар ин рўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо шарикони Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» роҳбарияти корпоратсияи миллии мошинсозии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва филиали ширкати ЖНСС-и Сингапур дар Тоҷикистон, ки ба сохтмони корхонаи криоллит ва алюминийи фтордор ва ҳамзамон ба истеҳсоли дигар ашёи хоми маҳалӣ барои тавлидоти алюминий ҷалб гардидаанд, мулоқот кард. Роҳбарияти ширкатҳои мазкур таъкид бар он доштанд, ки аз дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бархурдор буда, барои то охири соли равон ба истифода додани корхонаи истеҳсоли криоллит ва таъмини саривақтии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо ашёи хоми ватанӣ аз имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд. Дар вохўриҳо мувофиқа ҳосил шуд, ки дар сохтмони корхона ва истеҳсоли ашёи хоми ватанӣ неруи корӣ бештар аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шаванд.