“Фестивали гулҳо” дар Хуҷанд
Хуҷанд, 21.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази шимоли кишвар баргузории фестивали гулҳо дар назар аст. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази матбуоти мақомоти шаҳр Маҳмудҷон Муҳаммадӣ иттилоъ дод, мақсад аз эълон гаштани озмуни мазкур- ин пеш аз ҳама таъмини иҷрои қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бобати эълони «Соли 2015-соли гулҳо» ва дар ин замина вусъат бахшидан ба корҳои ободонии муҳити зист, аз ҷумла симои маҳаллаҳову саҳни биноҳои истиқоматии ташкилоту муассисаҳо, тарғибу ташвиқи ҳисси зебоипарастӣ ва бедор намудани завқи аҳолӣ нисбат ба ободонии шаҳр ба ҳисоб меравад. Ба гуфти манбаъ, озмун-фестивал дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад. Вобаста ба иҷрои шартҳои озмун барои ғолиби ҷои аввал мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, барои ҷои дуввум- 3000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм — 2000 сомонӣ пешбинӣ шуда, инчунин иштирокдорон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти шаҳр сарфароз гардонида мешаванд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






