Гуфтушуниди Шариф Саид бо намояндагони ширкати Чунсин

Апрель 2, 2015 10:30

Душанбе, 02.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- 31  март  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикитон  Шариф  Саид  намояндагони  ширкати муҳаррикҳои  барқии Ҷамъияти  масъулияташ  маҳдуди  «Сайлимэн» — ро  ба  ҳузур  пазируфт. 
Назар  ба  иттилои ПСС ҶТ, мақсад  аз  ташрифи  меҳмонон  ба  Тоҷикистон  шиносоӣ бо имконоти  иқтисодию  сармоягузории ҷумҳурӣ,  муҳокимаи  усулҳои  имконпазири  ҳамкорӣ, роҳандозӣ ва  густариши  мушорикати  дуҷониба  ва ворид  шудан  ба  бозори  Тоҷикистон  аст. 
Зикр  шуд, ки қаблан  роҳбарияти ҷамъияти «Сайлимэн»  бо намояндагони Вазорати энергетика ва  захираҳои оби  ҶТ,  Вазорати  саноат  ва  технологияҳои  нави  ҶТ, Вазорати  рушди  иқтисод ва  савдои  ҶТ,  ҳамчунин  Кумитаи  давлатии  сармоягузорӣ ва идораи  амволи  давлатии  ҶТ  гуфтушунид  намуд.

Апрель 2, 2015 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид