«Hyatt Regency Dushanbe», «Шом-7» ва «Меrvе»: беҳтаринҳои Душанбе
Душанбе, 14.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Hyatt Regency Dushanbe» зимни ҷамъбасти озмуни шаҳрдорӣ беҳтарин меҳмонхона дар пойтахти Тоҷикистон эътироф гардидааст. Инчунин дар асоси ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин меҳмонхона, тарабхона ва ошхона дар соли 2014», «Шом-7» беҳтарин тарабхонаи Душанбе ва «Меrvе» беҳтарин ошхона дар ҳудуди пойтахт арзёбӣ гардиданд. Ҳадафи ин озмун ҳавасмандгардонӣ барои беҳтарин дастовардҳо ба меҳмонони хориҷӣ, сокинони Душанбе, рушди сатҳи хизматрасонӣ, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардондани меҳмонхонаю тарбхонаҳо, инчунин, рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна дар пойтахт, таҳкими муносибатҳои судманд бо бахши хусусӣ ва муҳайё намудани шароити созгор барои ҷалби сармоягузорони ватанист. Бояд тазаккур дод, ки ғолибони озмуни «Беҳтарин меҳмонхона, тарабхона ва ошхона дар соли 2014» дар расми таҷлили Рӯзи пойтахт, ки соли равон ба 18 апрел иттифоқ меафтад, дар бинои «Душанбе Плаза» аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе бо Ифтихорномаи шаҳрдорӣ ва Ҷоми фахрии «Ғолиб» сарфароз гардонида мешаванд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






