Истиқлол, Хайр, Вахш — пешсафони сабқати лигаи олӣ

Апрель 14, 2015 08:06

Душанбе, 14.04.2015. (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Се бозии боқимондаи мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шоми шанбеи 11-уми апрел ба поён расид.Ба иттилои Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, комиссияи санҷишии иншоотҳои варзишии ФФТ ба иллати вазъи бади майдони футболи варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат баргузории бозии даври якуми мусобиқаро байни дастаҳои «Хайр» ва ССКА «Помир»-и Душанбе иҷоза надод. Аз ин рӯ ин бозӣ дар Душанбе, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир шуд ва бо пирӯзии «Хайр бо ҳисоби 2-0 хотима ёфт. Ҳарду голро Андох Наполеон, легионери африқоӣ аз Гана ба ҳадаф расонд. Дар бозии дигар «Вахш-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ «Парвоз-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод. Тӯбро Муҳаммадҷони Ҳасан ба дарвозаи меҳмонон ворид кард. Бозии «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо дастаи меҳмон — «Равшан-и Кӯлоб — бо ҳисоби мусовии 2:2 ба анҷом расид. Ду голи «Равшан-ро Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронӣ ва Сайидамири Сайидаҳтам, ду голи «Регар-ТадАЗ-ро Комрон Турсунов ва Нозим Бобоҷонов заданд.Ёдовар мешавем, мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 9-уми апрел бо бозӣ байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд оғоз ёфт. Ин бозӣ, ки дар пойтахти кишвар дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо пирӯзии душанбегиҳо бо ҳисоби 2-0 хотима ёфт.Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари «Истиқлол дар дақиқаи 69-ум бо зарбаи сахту ногаҳонӣ берун аз ҷаримагоҳи меҳмонон дарвозабони «Хуҷанд Валерий Кошуба, легионер аз Қирғизистонро маҷбур кард, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад. Дар воқеъ, ин аввалин голи чемпионати Тоҷикистон — 2015 мебошад.Тӯби дувумро баъди зарбаи Зиёвуддин Фузайлов капитани «Хуҷанд» Соҳиб Ҳакимов дар дақиқаи 90+1 бо сар ба дарвозаи дастааш зад. Зимнан, ин аввалин автогол дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар ба шумор меравад.Дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) ва «Барқи тоҷик» (Душанбе) аз бозии даври аввал озод буданд.Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дар ҷадвали мусобиқа се даста — «Истиқлол, «Хайр ва «Вахш — бо се имтиёзӣ пешсафанд.Бояд гуфт, ки мусобиқаи имсола ба тарзи нав баргузор шуд. Барои аввалин бор мусобиқаи лигаи олӣ бо ширкати 10 даста дар се давра барпо мегардад. Мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии Тоҷикистон то рӯзи 22-юми ноябр идома хоҳад кард.

Апрель 14, 2015 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад