Коҳиши нархи маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ
Душанбе, 15.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бинобар сабаби ноустувории вазъи сиёсию иқтисодии кишварҳои минтақа, номуътадилии бардавоми нархи молу ашёи асосии содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои қурбӣ, вазъи иқтисодиёти кишвар дар моҳҳои январ-марти соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи нисбатан заифтар қарор дошт.
Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 8,3 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он 5,3 фоизро ташкил дод. Коҳиш ёфтани суръати афзоиши ММД-и воқеӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,7 банди фоизӣ, пеш аз ҳама ба паст гардидани унсури талабот дар иқтисоди ҷаҳон ва ноустувории иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии савдо, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар мушоҳида гардид, вобастагӣ дошт.
Бо вуҷуди ин, зикр кардан зарур аст, ки раванди рушди истеҳсолот ва пешниҳодоти молу маҳсулоти ватанӣ дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла, маҳсулоти саноатӣ 16,7 фоиз, гардиши савдои чакана 10,7 фоиз, кишоварзӣ 5,3 фоиз ва сохтмон 0,9 фоиз ба қайд гирифта шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ сатҳи таваррум 1,5 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 банди фоизӣ кам мебошад. Дар шароити буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, коҳиши талаботи дохилӣ ва даромаднокии аҳолӣ ба паст гардидани сатҳи таваррум дар кишвар мусоидат намуд. Таварруме, ки ба даст омад, асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти озуқа 2,1 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 0,4 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 1,9 фоиз ба вуқуъ пайваст.
Ҳамзамон сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 6,5 фоизро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,7 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Сатҳи таварруми аслӣ бе назардошти омилҳои ғайримонетарӣ дар ин давра бо нишондиҳандаи манфӣ ҷамъбаст гардида, 0,5 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми аслии солона дар ин давра ба 1,3 фоиз расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Ба иттилои хадамоти БМТ, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ раванди коҳиши нархи маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ (картошка 18,7 фоиз, сабзӣ 9,4 фоиз, гӯшти гов 4,8 фоиз, гӯшти гӯсфанд 1,9 фоиз, асал 2,9 фоиз, тухм 2,0 фоиз ва нахӯд 5,3 фоиз) ба ташакули сатҳи таварруми аслӣ замина гузошт.








«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд






