Ношукриҳои Мавлавӣ

Апрель 14, 2015 10:15

Душанбе,14.04.2015 (АМИТ “Ховар”).-Дар сомонаи «Наҳзат» мусоҳибаи Мавлавӣ Абдулҳайи Искандарро хонда, ба чунин хулоса омадем, ки ҳоло ҳам номбурда аз таълимоти ақидатӣ-мазҳабӣ дур истода, ғаразҳои шахсӣ ва сиёсии хешро тарғибу ташвиқ дорад. Мавлавӣ сабаби ба ин ҳизб гаравидани худро марбут ба кумакҳое донистааст, ки аз тарафи аъзои ин ҳизб ба муҳоҷирин мерасидааст. Аммо, мутаассифона, доир ба саъю талошҳои Ҳукумат, бахусус Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ҷойҳои зисташон ва таъмини сулҳу оромии саросарии ҷумҳурӣ мӯҳри хомӯшӣ ба лаб задааст. Ин як ношукрии Мавлавӣ мебошад. Дар мавриди гуфтори ин мавлавӣ ояи 191 сураи «Бақара» хеле бамаврид аст: «Фитна аз қатл бадтар аст». Сипас, вақте ки мухбир аз ӯ дар хусуси мухолифаташ бо ҲНИТ ва таҳти таъсири домулло Ҳикматулло қарор доштани андешаҳои динии ӯ пурсон мешавад, ӯ аз ҷавоби гурехта, ба ҳарзагӯӣ мепардозад. Яъне, мантиқи суолу ҷавоб гувоҳӣ медиҳад, ки Мавлавӣ дурӯғ мегӯяду ба ин ҳизб ворид шуданаш комилан муғризона сурат гирифтааст. Ношукрӣ ва дурӯғбофии Мавлавӣ махсусан зимни шарҳи муҳити динии кишвар аз тарафи ӯ бисёр равшан ба назар мерасад. Ӯ иброз доштааст, ки мушкилоте, ки имрӯз болои дин ба мушоҳида мерасад, гӯё ҳатто дар даврони шӯравӣ ҳам набудааст. Эҳтимол Мавлавӣ ин ҷо маҳдуд гардидани даромади моддии худро тавассути дин дар назар дошта бошад. Аммо имрӯз, шукри Худо, ҳаёти воқеии мардум аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо нисбат ба даврони шӯравӣ миллионҳо маротиба шароиту фазои динии хубтар доранд. Нодида гирифтани ин неъмат аз тарафи Мавлавӣ ношукрии дуюми ӯ мебошад. Мавлавӣ фазои динии шӯравиро орому осуда арзёбӣ кардааст, аммо мутаассифона, фазои орому осудаи кишвар ва зина ба зина беҳтар шудани нишондодҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро, ки маҳсули сиёсати дурандешонаи ҳукумати кишвар асту баръакси сиёсатбозиҳои наҳзатиҳо таъмин шуда истодааст, на бо чашми сар диданӣ ҳастанду на бо чашми ақлу идрок пазируфтанӣ. Ин ношукрии сеюми Мавлавист.Мавлавӣ навиштааст одаме ҳаст, ки то синни 17 дониш-манду олим ва муҷтаҳид шудааст. Масъалагузории ӯ чунин аст: «Ҳозир, ки то 18-солагӣ мадраса нарафт, масҷид нарафт, ӯ кай одам мешавад? Бояд бовар кард, ки андешаҳои мазкур камоли бемасъулиятӣ ва беинсофии Мавлавӣ мебошанд. Мавлавии муҳтарам, оё шумо ва ҳаммаслаконатон дар шароити асри XXI тамоми пешрафту хушбахтиро танҳо вобаста ба масҷиду мадраса медонед; охир шароити имрӯза дар соҳаи илму дониш тамоман иҷтиҳоди дигареро тақозо менамояд. Бо ин тарзи тафаккур ва гумроҳ кардан шумо ва ҳамфикрону ҳампешагонатон дар фарҳанги ватанӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ чӣ нақше бозиданӣ ҳастед? Бо боварии комил мо метавонем иброз намоем, ки бо ин тарзи фаҳмишу ҷаҳонбинӣ ва масъалагузорӣ шумо барои рушд ва дуруст муаррифӣ шудани фарҳанг ҳеҷ кори шоистаи таҳсинро анҷом дода наметавонед.Мавлавӣ дуруст таъкид сохтааст, ки илм давлатро пеш мебарад. Аммо дар муайян сохтани мафҳуми илм боз ба иштибоҳ роҳ додааст. Мавлавӣ бояд эътироф намояд: илме, ки эшон дар назар доранд, ҳеҷ вақт ҷомеаи инсониро пеш набурда буд ва нахоҳад бурд. Бо назардошти вазъи воқеии олами ислом ва сатҳи рушди илму технология ва маориф дар он мо бояд корҳоеро ба нақша гирем, ки вобаста ва дастнигар будани худро аз нигоҳи пешрафти илму технология аз кишварҳои дигар коҳиш диҳем. Аз ин рӯ, фаҳмиши моҳияти илм танҳо донистани расмиёти динию эътиқодӣ нест, бояд ба масъалаҳои дигари илми муосир низ диққати ҷиддӣ зоҳир намуд. Ба назар чунин мерасад, ки Мавлавӣ ҳадиси «Дурӯғгӯ аз уммати ман нест»-ро фаромӯш сохтааст. Бубинед, ки Мавлавӣ чӣ андеша дорад: «Мо умед ва гумон надоштем, ки вақте давлат мешавад, тамоми рукнҳои исломро аз байн мебарад. Рукнҳои исломро, ки бурданд, натиҷа ҳамин аст, ки дорем». Дар робита ба ин гуфтаҳо бояд гӯем, ки худро «ҳомиён»-и дин гуфта, чунин баён кардан маҳзи хатокорӣ аст. Ба ҳама маълум аст, ки имрӯз дар ҷумҳурии мо озодии виҷдон таъмин ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ хуб ба роҳ монда шудааст, вале мутаассифона, Мавлавӣ онҳоро дида наметавонад. Бояд гуфт, ки ин ношукрии дигари Мавлавӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз ҷаҳолатҳои нестандарҷаҳони Мавлавӣ ин айният шуморидани ҳизбу имон аст. Ӯ огоҳона ва муғризона бо назардошти манфиатҳои ҳизбӣ менависад: «Ҳизб имони инсон аст, ин ба ном ҳизб аст, аммо дар асл имони инсон аст». Бешак ин андеша ботил ва бекор аст, ки мо дар ҳаёти худ онро шунида истодаем. Аз маънии гуфтаҳои ӯ чунин бармеояд, ки он шахсҳое, ки ба ҳизби онҳо шомил нестанд, ҳамагӣ беимонанд. Сониян, наход Мавлавӣ андаке вазъи кишварҳои мусулмониро тааммул накарда бошад, ки тамоми бадбахтиҳои олами ислом маҳз ба сиёсисозии ислом ва ба ҳизбгароӣ кашидани мусулмонон марбут аст. Дар ин маврид ҳадиси зерро баён кардан ба мақсад мувофиқ аст: «Фитна мори заҳрдору хатарнокест, ки касе онро бедор кунад, лаънати Худо бар ӯ бод». Магар намебинем, ки душманони хориҷии ислом маҳз тавассути ҳизбу ҳаракоти исломӣ зиндагии мардумро дар тамоми қаламрави олами ислом талх сохта истодаанд? Наход Мавлавӣ аз он ҳаводиси пурдаҳшати гузашта, ки дар он нақши ҳаммаслакони эшон кам нест, хурдтарин сабақе набардошта бошад? Айният шумурдани ҳизбу имон на танҳо бесаводии сиёсию динӣ, балки ҳамзамон таҳрики бесаводоне чун Мавлавӣ баҳри нооромиҳои навбатӣ дар ҷомеа асту халос. Ин дар навбати худ бузургтарин ношукрии Мавлавӣ аз тинҷию оромӣ ва осудагии кишвар аст. Каромати Абдулҳай номзади илмҳои фалсафа

Апрель 14, 2015 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст
Сокинони ноҳияи Файзобод дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка парвариш менамоянд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони деҳаи Навдеҳи шаҳри Норак таҷрибаи пешқадами кишоварзони ҷаҳонро меомӯзанд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад