Остона: Омӯзиши истифодаи амалии барномаи «i2»

Апрель 29, 2015 09:56

Душанбе, 29. 04. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Аз 20 то 24 апрели соли 2015 дар шаҳри Остона дар Департаменти оид ба мубориза бар зидди нашъаҷаллобии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои хизмати давлатӣ ва муқобилат ба коррупсия семинар оид ба истифодаи барномаи «i2» ҳангоми таҳлили иттилоот дар чорчӯбаи лоҳаи RER/F23 “Системаи ҳифзи ҳуқуқ барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва мубодилаи итилооти фаврӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар” баргузор гашт, ки он аз тарафи Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Бюро оид ба назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи (INL) Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил шуд.
Семинарро намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо намояндагони Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон гузарониданд.
Чорабиниҳо оид ба мубодилаи таҷрибаи истифодаи барномаҳои махсусг дар фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти салоҳиятдори Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар оянда низ давом хоҳанд ёфт.
 

Апрель 29, 2015 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид