Озмун: «Тарроҳи беҳтарини либосҳои миллӣ»
Душанбе,14.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бахшида ба Соли оила раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни вилоятии «Тарроҳи беҳтарини либосҳои миллӣ ва либосҳои мактабӣ»-ро баргузор намуд.Ҳадаф аз гузаронидани чунин чорбинӣ аз байн бурдани либосҳои бегона ва рӯ овардани духтарон ба либосҳои миллӣ ба шумор меравад.Тарроҳон бештар дӯхти тоҷикии либосҳо, аз ҷумла қуроқ, чакан, попурӣ, гулдӯзӣ ва атласро бо тарзи замонавӣ ба намоиш гузоштанд.Дар охир аз тарафи Кумитаи тадорукот туҳфаҳои хотиравӣ ба 25 тарроҳи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сипоснома ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва ноҳияи Данғара супорида шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






