Пешниҳоди М. Убайдуллоев ба ҳайати БҶ
Душанбе, 15.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Масъалаи татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе бо Пйер Франческо Мантованӣ-роҳбари лоиҳаи мазкур, ки бо як ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ба Душанбе ташриф овардааст, матраҳ гардид.
Дар мулоқот мусоҳибон корҳои то ба имрӯз анҷомгирифтаро дар доираи татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки тӯли панҷ сол бо азхудкунии 16 млн $ гранти бебозгашти Бонки ҷаҳонӣ ва 3 млн $ маблағгузории шаҳрдории Душанбе амалӣ гардонида мешавад, баррасӣ намуданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда тавассути насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳдошти вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхона сафарбар шудааст. Барои амалисозии корҳо ширкати олмонии CES Consulting Engineers Saizgitter GmbH мушовир интихоб гардидааст. Зикр шуд, ки тибқи лоиҳа 45% муштариёни КВД «Обу корези Душанбе» бо ҳисобкунакҳои обӣ таъмин гардидаанд, ки он барои баланд бардоштани фарҳанги сарфа намудани оби нӯшокӣ аз сӯи муштариён нақши муассир гузоштааст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид дошт, ки дар марҳилаи феълӣ иқтидори ҷонибҳо барои таъмини хизматрасонии дарозмуддати ҳисобкунакҳои обии насбшуда ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона карда шаванд. Аз ин рӯ, дар доираи маблағҳои лоиҳавӣ ҷиҳати роҳ наёфтани регмайдаҳои таҳшинӣ ба шоҳқубурҳои интиқоли об, масъалаи шинонидани обполакҳои пуриқтидор дар истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» ва беҳдошти ҳолати шабакаҳои корезию пойгоҳи обтозакунии корезии КВД «Обу корези Душанбе» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ матраҳ шавад.
Пйер Франческо Мантованӣ афзуд, ки барои амалӣ намудани пешниҳодҳои ироашуда, тамоми имконоти мавҷударо сафарбар сохта, ҷиҳати дар 9 моҳи боқимонда татбиқ кардани кулли нишондиҳандаҳои Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе барномаи фаъолияти муштараки ҷонибҳоро тарҳрезӣ ва мавриди иҷро қарор хоҳад дод.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






