Ронандаи фирорӣ дастгир шуд

Апрель 29, 2015 10:00

Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз тахминан соати 05:00-дақиқа ронандаи мошини тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи А.Ҷомӣ ба самти шаҳраки Қизил-Қалъаи вилояти Хатлон, дар деҳаи Дӯстӣ суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиётӣ набаромада, пиёдагард, марди 30-сола, истиқоматкунандаи шаҳраки Қизил-Қалъаро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи мошини тамғаи “Opel-Astra ”, марди 58-сола, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ дастгир гардид.
  Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Апрель 29, 2015 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид