Рўзи байналмилалии ҳифзи меҳнат
Душанбе, 28.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрўз дар тамоми мамолики ҷаҳон Рўзи байналмилалии ҳифзи меҳнат таҷлил мегардад. Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ, ҷалби диққати корфармоён, соҳибкорон ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи муҳофизати меҳнати меҳнаткашон бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии меҳнат расман аз соли 2003 ин сана рўзи ҷаҳонии муҳофизати меҳнат эълон гардид.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таҷлили ҷашну санаҳои таърихӣ, махсусан байналмиллалӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Ба ин муносибат имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад. Дар он вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндагони ин вазорат, шарикони иҷтимоӣ, намояндаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат, кормандони масъули Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муассисаҳои давлатии низоми вазорат, мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат, Рўдакӣ ва Ҳисор, масъулини соҳаи ҳифзи меҳнати вазорату идораҳо, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, сарнозирони ҳифзи меҳнатӣ, кумитаҳои иттифоқи соҳавии ҳифзи меҳнат, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва воситаҳои ахбори омма иштирок хоҳанд кард.
Имсол аз тарафи Ташкилоти байналмилалии меҳнат соли 2015 соли «Ташкил кардани тадбирҳои маданияти пешгирикунанда дар соҳаи ҳифзи меҳнат» эълон шудааст ва мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатӣ, корфармоён, соҳибкорон, кормандон, мақомоти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, масъулини соҳаи ҳифзи меҳнати вазорату идораҳо, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, сарнозирони ҳифзи меҳнатӣ, кумитаҳои соҳавии ҳифзи меҳнат, Маркази давлатии ҷумҳуриявии беҳдоштию эпидемиологии назоратии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назорати давлатӣ оид ба энергия, Инспексияи давлатии назорат аз болои кори газтозакунӣ ва таҷҳизоти ғуборафкан, Сарраёсати давлатии сўхторнишонии Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Назорати давлатии хоҷагии кишоварзӣ аз болои вазъи техникии мошинҳо ва таҷҳизоти муассисаҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ назорати риояи меъёр ва тартиби муҳофизати меҳнатро дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ тақвият мебахшанд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






