Сафорати ҶТ дар ФР 8 кӯдакро ба Ватан фиристод

Апрель 27, 2015 11:55

Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат).- Чанде  пеш  бо  мусоидати Хадамоти  консулгарии   Сафорати   Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Федератсияи  Русия  боз 8  нафар кӯдакони тоҷик ба  Ватан  фиристода  шуданд. 
Тавре  ки аз  Сафорати  ҶТ  дар  ФР  хабар  доданд, кӯдакон  дар  ҳузури  кормандони Хадамоти  консулгарӣ  дар  ихтиёри  намояндагони Вазорати  корҳои  дохилии  ҶТ  дар ФР  гузошта шуданд.
Кӯдакони ширмак  аз  хонаҳои  бачагони  шаҳри  Маскав  гирифта шудаанд.  Онҳо  асосан  дар натиҷаи аз  кӯдаконашон  рӯ  гардонидани  модарон  ба  хонаҳои  бачагон  супурда шуда буданд. 
Ҳамаи  ин  кӯдакон  ба  шаҳри  Душанбе оварда шудаанд.

Апрель 27, 2015 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид