Таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрокии бехатар гарави саломатист!

Апрель 13, 2015 10:51

Душанбе, 13.04.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бехатар набудани маҳсулоти хӯрокӣ метавонад, як зумра мушкилотро вобаста ба саломатӣ ба вуҷуд орад. Дар замони мо бехатарии маҳсулоти хӯрокӣ гирифтор ба таҳдидҳои нав мегардад. Бактерияи касалиовар, вирусҳо ва муфтхӯрҳо (паразитҳо) ва маводи химиявии дар ғизо мавҷуд буда сабаби зиёда аз 200 беморӣ- аз диарея сар карда, то саратон мегардад.Дар соли 2013 танҳо дар Иттиҳоди Аврупо / Фазои иқтисодии аврупоӣ зиёда аз 310 000 ҳолати бактерияи инфексионии ғизо ба қайд гирифта шуд, аз ҷумла 322 ҳолати он оқибати марговар дошт. Ин ҳоло танҳо қуллаи яхбаста аст ва баҳои ҳаққонӣ додан ба вазнинии бемориҳои аз тариқи ғизо гузаранда ва маҳдуд намудани имкониятҳои назорати эпидемиологӣ ва низоми ҳисоботдиҳиро иҷозат намедиҳад. Дар қисмати шарқии минтақаи Аврупо ин вазнинӣ боз ҳам бештар дида мешавад ва онҷо мушкилии назорати эпидемиологӣ ва ҳисоботдиҳӣ мавҷуд аст.«Хатар барои маҳсулоти ғизоӣ дар ҳама зинаҳои намудҳои озуқа имкони ба вуҷуд омаданро дорад, аз ин рӯ барои он ки аҳолӣ тавонад ғизои солимро дастрас кунад, хеле зарур аст бахшҳои тандурустӣ, хоҷагии кишоварзӣ, нақлиёт, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии моҳипарварӣ, ҷамъияти ғизо ва саноати хӯрокворӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ инчунин истеъмолкунандагон байни худ ҳамкории зич намоянд. Ҳамчунин хеле зарур аст, ки худи истеъмолкунандагон талаботҳои асосиро оид ба беҳдошти маҳсулотҳои хӯрокворӣ ва муносибати дурусту бехатарро ба ғизо донанд ва иҷро намоянд»,- таъкид дошт роҳбари Намояндагии ТУТ дар ҶТ доктор Павел Урсу.Ба таври фаврӣ ва таъҷилӣ гузаронидани ислоҳот дар бахши бехатарии хӯрокӣ- барои имрӯзи Тоҷикистон зарур аст. Асос гузоштан ба системаи бехатарии хӯрокӣ ҳам барои истеъмолкунандагони таҳҷоӣ ва ҳам барои хориҷиён калид барои пешравиҳои маҳсулотҳои хӯрокворӣ ва кишоварзии тоҷикистониён ба ҳисоб меравад Ин дар навбати худ ҳамеша ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва саломатии аҳолӣ оварда мерасонад, изхор дошт намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Виорел Гутсу.Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бехатарии маҳсулоти озуқа мавзӯи асосии рӯзи Байналмиллалии саломатӣ дар соли 2015 мегардад. Ҷомеа метавонад дар бораи вазифаи ин ё он бахшҳо, ки дар зинаҳои гуногуни тӯлонию душвори намудҳои озуқа — аз истеҳсол ва маҳсулоти хом то истеъмолкунанда маълумот бигирад. Вазифаи рӯзи саломатӣ- ин мустаҳкамкунии ҳамкориҳо ва беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ байни имконоти ҷонибҳои тарафайн барои огоҳсозӣ ва муайян намудани бемориҳои аз ғизо гузаранда ва қабул намудани чораҳои марбут ба онҳо мебошад.ТУТ ба кишварҳо барои таъсису асос гузоштан дар ташхиси хавфи системаи маҳсулоти бехатарии озуқа ёрӣ мерасонад. Ҳамчунин баҳри огоҳсозӣ ва мубориза ба бемориҳои аз ғизо ба вуҷуд омада ва дар баробари ин дар назорати эпидемиологӣ кумак мерасонад. Ҳамкори асосии ТУТ дар ин самт Ташкилоти озуқа ва хоҷагии кишоварзии СММ (ФАО) мебошад.Хизматҳои Комиссия оид ба Кодекси Алиментариус- ташкилоти муттаҳидаи байнидавлатии ФАО ва ТУТ-ро махсус бояд қайд намуд, ки дар он 185 давлати аъзо ва як ташкилоти иттиҳоди Аврупо дохил мешаванд. Таъсиси Кодекси Алиментариус дар соли 1963 баҳри коркарди гармонӣ кардани стандартҳои байналмилалии озуқа барои ҳимояи саломатии истеъмолкунандагон ва таъсиррасонӣ дар савдои боинсофона равона гардидааст.Бюрои Минтақавии аврупоӣ (БМА) ТУТ доштани захираҳои устувориро дар кишварҳо баҳри таъмини маҳсулоти бехатари озуқа яке аз вазифаҳои аввалияи худ медонад ва аз ин хотир курсҳои омӯзишӣ вобаста ба мавзӯъ ва лоиҳаҳои махсусро таъсис медиҳад.

Апрель 13, 2015 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо фаъолзанони шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ намуд
23 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
20 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июл, сешанбе, 198-умин рӯзи соли 2024 аст
Вазорати нақлиёт дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» 5 миллион бех ниҳол мешинонад
Ширкати «China Datang» дар вилояти Суғд неругоҳи офтобӣ бо қувваи 500 мегават месозад
Роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол бунёд мегардад
Намояндаи Осорхонаи миллӣ дар ҳамоиши «Долонҳои мероси Роҳи Абрешим дар Осиёи Марказӣ» дар Остона иштирок намуд
Ҷавонони тоҷик дар омӯзиши забони хориҷӣ аз Барномаи FLEX самаранок истифода мебаранд
«Узбекистон Онлайн»: муштариён роуминги муфидро интихоб мекунанд