Таваҷҷуҳи ВКД ба собиқадорон

Апрель 4, 2015 09:40

 Душанбе, 04.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоят вохӯрӣ доир намуд.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ аз фаъолияти хизматии ин пирони рӯзгордида ва таҷрибадори мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар гардида, зикр намуд, ки «Насли ҷавони милитсия ҳамеша аз кору пайкори Шумо ибрат гирифта, идомабахши ин касби пуршараф мегардад. Заҳмату меҳнат, қаҳрамониҳо ва ҷавонмардии собиқадорон шоистаи таҳсин буда, аз ҷониби Ҳукумату роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ мегарданд. Таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки маслиҳату кумак ва дастгирии Шумо баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонуншиканӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ҳар маврид мададрасон аст. Мо бо Шумо ифтихор дорем!».
Аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба собиқдорони мақомоти корҳои дохилӣ туҳфаҳои молӣ тақдим гардиданд.

Апрель 4, 2015 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад