Вохӯрӣ бо собиқадорони милитсия дар ноҳияи Рашт
Душанбе, 14.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар доираи сафари хизматӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шаҳраки Ғарм бо зиёда аз 50 нафар собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ вохӯрӣ доир намуд.Тибқи иттилои ВКД ҶТ, зимни вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ аз саҳми арзандаи собиқадорон ёдовар гардида, зикр намуд, ки онҳо дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва таҳкими Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши босазо гузоштаанд. Маслиҳату роҳнамоии ин пирони ботаҷриба ва рӯзгордида чароғи дурахшонест баҳри насли ҷавони милитсия.Аз чунин кору пайкори пешгирифта, таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамаҷониба нафақахӯрони соҳа изҳори миннатдорӣ намуда, афзуданд, ки онҳо ҳамеша омодаанд бо маслиҳату машварати муфид насли ҷавони милитсияро ба корҳои ободонию созандагӣ ҳидоят намоянд.Аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои собиқадорон дастархон ороста шуда, туҳфаҳои арзишнок тақдим гардиданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






