Зарари офати табиӣ ба оилаи муҳоҷирон
Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 26 апрел дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд дар натиҷаи боридани борони сел ва вазидани шамоли сахт ба хоҷагии халқ зиён расид. Дар минтақаи офати табиӣ ба муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ аз ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ғончӣ замин ҷудо гардидааст, ки дар айни замон як қисмашон баъди сохтани манзил дар он ҷо зиндагӣ карда истодаанд.
Бо мақсади хабар гирифтан аз аҳволи муҳоҷирон ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо рӯзи 27 апрел гурӯҳи корӣ ба ин минтақа сафарбар гардид. Ба ҳайати гурӯҳ намояндагони Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷ. Атаев ва мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати дохилӣ(ихтиёрӣ) ва экологии Раёсат Д. Муродов шомил буданд.
Зимни вохӯрӣ бо муҳоҷирон маълум гардид, ки дар натиҷаи офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Лекин дар натиҷаи вазидани шамоли сахт манзили 4 оилаи муҳоҷири ноҳияи Ғончӣ, 6 оилаи муҳоҷири ноҳияи Айнӣ ва 10 оилаи муҳоҷири ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қисман зарар дидааст. Ба таври мушаххас аз болои баъзе бомҳо бомпӯшҳо канда шуда, аз девори баъзе манзилҳои нотамом хиштҳо ба замин афтидаанд. Ягон манзили истиқоматӣ барои зист корношоям нашудааст.
Раёсат дар доираи имкониятҳои худ барои барқарор намудани зарар тадбирҳои амалӣ хоҳад андешид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






