Зарари офати табиӣ ба оилаи муҳоҷирон

Апрель 29, 2015 09:58

Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 26  апрел дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд дар натиҷаи боридани борони сел ва вазидани шамоли сахт ба хоҷагии халқ зиён расид. Дар минтақаи офати табиӣ ба муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ аз ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ғончӣ замин ҷудо гардидааст, ки  дар айни замон як қисмашон баъди сохтани манзил дар он ҷо зиндагӣ карда истодаанд. 
Бо мақсади хабар гирифтан аз аҳволи муҳоҷирон ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо  рӯзи  27 апрел  гурӯҳи корӣ ба ин минтақа сафарбар гардид. Ба ҳайати гурӯҳ намояндагони Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷ. Атаев ва мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати дохилӣ(ихтиёрӣ) ва экологии Раёсат Д. Муродов шомил буданд. 
Зимни вохӯрӣ бо муҳоҷирон маълум гардид, ки дар натиҷаи офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Лекин дар натиҷаи вазидани шамоли сахт манзили 4 оилаи муҳоҷири ноҳияи Ғончӣ, 6 оилаи муҳоҷири ноҳияи Айнӣ ва 10 оилаи муҳоҷири ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қисман зарар дидааст. Ба таври мушаххас аз болои баъзе бомҳо бомпӯшҳо канда шуда, аз девори баъзе манзилҳои нотамом хиштҳо ба замин афтидаанд. Ягон манзили истиқоматӣ барои зист корношоям нашудааст.
Раёсат дар доираи имкониятҳои худ барои барқарор намудани зарар тадбирҳои амалӣ хоҳад андешид. 
 
 
 
 
 

Апрель 29, 2015 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад