Ҷамъоварии маълумот дар бораи ғизогирии занон
Душанбе, 07.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Чанде қабл дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АО) дар вилояти Суғд бо иштироки гурӯҳи коршиносон оид ба баҳодиҳии ғизогирӣ бо роҳбарии доктор Воррен Т К Ли, намояндаи Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) аз шаҳри Рим семинари омузишӣ барои кормандони тадқиқоти буҷети хонаводаҳо гузаронида шуд. Мақсади семинари омӯзишии мазкур аз баланд бардоштани иқтидори кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир ба истифодаи усули баҳодиҳӣ, вазъи истеъмолот дар асоси маҳсулотҳои озуқаворӣ (Гуногунии минималии озуқаи занон, ГМОЗ) дар ҷамъоварии маълумот дар бораи ғизогирии занони синни репродуктивӣ (15-49 сола) иборат буд.
Дар семинар машғулиятҳои назариявӣ бо пешниҳоди баромадҳо дар мавзӯи усулҳои чен кардани вазъи норасоии ғизо, машғулиятҳои гурӯҳӣ оид ба тартиби гузаронидани пурсиши хонаводаҳо дар самти истеъмоли ғизои шабонарӯзӣ, мутобиқкунии воситаи мазкур ба шароити маҳаллӣ тавассути мубоҳисаҳои гурӯҳии мақсаднок бо пурсишгарони (респондентҳои) асосӣ дар ҷамоатҳо ва маҳалҳо бахшида шуд. Дар давоми ду рӯзи семинар ба корҳои саҳроӣ барои гирифтани таҷрибаи амалии ҷамъоварии маълумот дар сатҳи хонаводаҳо бо истифодаи ГМОЗ бахшида шуд.
Доктор Ли зикр намуд, ки бо назардошти паҳншавии баландии норасоии микроэлементҳо дар байни занони синни репродуктивӣ ва қадпастӣ дар байни кӯдакон, Ҳукумати Тоҷикистон ба нишондиҳандаи содда ва тасдиқшудаи озуқаворӣ ниёз дорад, то ин ки ҳадафҳо оид ба расидан ба амнияти озуқавориро гузорад ва амалӣ гаштани ҳадафҳои дар стратегияҳо ва барномаҳо гузоштаро оид ба ғизогирӣ баҳодиҳӣ намояд. Пас аз бомуваффақият гузаронидани семинари омӯзишӣ оид ба гуногунии озуқа ва ҷамъоварии таҷрибавии маълумот дар вилояти Хатлон дар соли 2014, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) дархост кард, ки омӯзиши минбаъдаро оид ба ҷамъоварии маълумот дар бораи ғизогирӣ барои кормандони тадқиқоти буҷети хонаводаҳо дар дигар минтақаҳои кишвар баргузор намояд.
ГМОЗ ин усули такмилдодашудае мебошад, ки дар асоси усули пешинаи “Ҳисоби гуногунии озуқаи занон (ҲГОЗ)” дар соли 2014 таҳия шудааст. ГМОЗ нишондиҳандаи содда, тез ва камарзиши ҷаҳонӣ дар баҳодиҳии гуногунии хӯроки занон ба шумор меравад. Ин нишондиҳанда дар асоси 10 гурӯҳи маводи озуқаворӣ мебошад, ки он дорои нуқтаи минималӣ аз панҷ гурӯҳ мебошад, ки гуногунии минималии хӯрокиро нишон медиҳад. “Дар ГМОЗ шумораи гурӯҳҳои маводи озуқаворӣ, ки аз ҷониби шахс дар давоми 24 соат пеш аз пурсиш истеъмол шудаанд, ҳисоб мешавад. Занони синни репродуктивӣ, ки панҷ ё зиёда гурӯҳҳои маводи озуқавориро истеъмол мекунанд, назар ба он заноне, ки камтар аз панҷ гурӯҳи маводи озуқавориро истеъмол мекунанд, эҳтимоли бештар доранд, ки ба гуногунии минималии озуқа ҷавобгӯй бошанд”,-зикр менамояд доктор Ли.
Аз рӯи натиҷаи семинари омӯзишӣ дар давоми даҳ рӯзи оянда кормандони тадқиқоти буҷети хонаводаҳои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварии маълумотҳо оид ба вазъи ғизогирии занон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯи саволномаи ба шароити маҳал мутобиқнамуда оғоз мегардад.








КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






