Баҳри Ватан ҷони худро нисор мекунем
Кӯлоб.08.05.2015.(АМИТ «Ховар»,Фарҳоди Мадамин).- Дар Донишгоҳи технологии шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон конфронси серӯзаи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Мо ҷавонон баҳри Ватан ҷони худро нисор мекунем» доир гардид.
Дар конфронс олимони ҷавони донишкадаву коллеҷҳои вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Онҳо дар мавзӯъҳои «Мо ворисони асли сомонем», «Ҷавонон давомдиҳандаи корнамоиҳои гузаштагон» ва «Саҳми тоҷикон дар ғалаба бар зидди фашизм» маърӯза намуданд.
Мақсади конфронс ҷалб намудани ҷавонон ба илму маърифат, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, одамдӯстӣ ва пешгирии ҷавонон аз таблиғи ифротгароию хурофотпарастӣ арзёбӣ гардид.








КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






