Дурнамои равобити Душанбе ва Исломобод

Май 6, 2015 09:35

      Душанбе, 06.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар Исломобод  машварати байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду  кишвар доир гардид.
      Ҳайатҳои ҷонибҳоро Низомиддин Зоҳидӣ -муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амҷад Ҳусайн Б. Сиал (собиқ сафири Покистон дар Тоҷикистон), алҳол Дабири хоси Вазорати корҳои хориҷии Покистон роҳбарӣ намуданд.
          Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат ва  сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо тасмими худро ҷиҳати густариши минбаъдаи  муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар таъйид карданд.
Дар машварат таъкид гардид, ки Тоҷикистону Покистон дар мавзуъҳои мубрами байналмилалӣ мавқеи муштарак дошта,  дар ҳалли масъалаҳое, ки ба онҳо алоқаманданд, ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд. 

Май 6, 2015 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад