Идомаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СҲИ
Душанбе, 29.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 28 майи соли 2015 дар Давлати Кувайт ҷаласаи 42-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ), ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ ҳузур дорад, кори худро идома бахшид.
Дар нимаи аввали рӯз суханронии роҳбарони ҳайатҳо идома ёфт. Зимнан, Н.Зоҳидӣ дар он иштирокчиёни чорабиниро бо мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои мубрами олами ислом, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид шудаанд, шинос кард ва аз кишварҳои аъзои СҲИ ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси дарпешистодаи байналмилалӣ дар мавзӯи об дар шаҳри Душанбе даъват ба амал овард.
Дар ҳошияи рӯзи дуввуми кори ҷаласа мулоқоти дуҷонибаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Холид Сулаймон Ҷоруллоҳ сурат гирифт ва зимни он тамоми маҷмӯи масъалаҳои рушду тақвияти равобити дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Кувайт мавриди муҳокима ва ибрози назар қарор доштанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






