“Китоби либос” дар “Саҳеҳи ал-Бухорӣ”
Душанбе, 06.05.2015. (АМИТ “Ховар”).-Тавре ки медонем, то имрўз 4 ҷилди китоби “Саҳеҳи ал-Бухорӣ”(дар тарҷумаи М. Умаров ва Ф. Бобоев) дастраси хонандагону ҳаводорони фарҳанги миллию динии кишварамон гардид. Ҳоло матни ҷилди 5-уми ин силсила, ки бо китоби “Фазилатҳои Қуръон” оғоз гардида, китоби “Дуоҳо” онро анҷом мебахшад ва ҳадисҳои 4978-6411 ин маҷмўаро фаро мегирад, барои чоп омода мешавад. Олимон, муҳаққиқон ва пажўҳишгарони илми ҳадис медонанд, ки ҳар як ҳадис зимни хутбае, бинобар муносибате, вобаста ба ҳодисае, ҷавобан ба суоле, вокуниш ба амале ва ҳаракате гуфта шудааст. Дар зимни бобҳои ин қисмати тарҷума “Китоби либос” низ шомил аст, ки аз 103 боб иборат буда, ҳадисҳои 5783-5969-ро дар бар мегирад. Таҳрири ниҳоии ҷилди 5 ба охир расидааст ва умед дорем, ки то охири нимаи якуми соли 2015 ба чоп супорида шавад.
Бо сабаби он ки масъалаи сарулибос дар ҳаёти имрўзаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст ва мардум доир ба чигунагии либоси миллӣ ва динӣ ибрози назар мекунанд, зарур донистем, ки матни пурраи бобҳои марбут ба либос барвақттар дастраси хонандагон гардад. Итминон дорем, ки маълумот ва матлаб¬ҳои дар ҳадисҳои ин китоб доир ба либосу пўшиш ёдшуда барои аҳли ҷомеа муфид хоҳад буд ва мазмуну муҳтавои онҳо барои дарки дурусти масъала мусоидат хоҳад кард.
Файзулло Баротзода — директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон
LXXVII. КИТОБИ ЛИБОС (ПЎШОК)
(1) Боб. Андар суханони Худои Таъоло: «Бигў: кӣ зинати Худоро, ки барои бандагони Худ пайдо кардааст, ҳаром гардонидааст?» (7:32)
Ва пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам гуфт: “Бихўред, бинўшед, бипўшед ва садақа диҳед — (фақат) бе зиёдаравӣ ва бе худписандию такаббур кардан”.
Ва Ибни Аббос гуфт: “Ҳарчи бихоҳӣ, бихўр ва ҳарчи бихоҳӣ, бипўш, (фақат) ду чиз туро ба хато наафканад: зиёдаравӣ ва худписан-дию такаббур кардан”.
5783. Исмоъил ба мо нақл карда гуфт: Молик ба ман нақл кард, аз Нофеъ, Абдуллоҳ ибни Динор ва Зайд ибни Аслам, ки онҳо ба вай хабар додаанд, аз Ибни Умар, разия-л-Лоҳу анҳумо, ки пайғам¬бари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт: “Худо ба сўйи касе, ки либосашро аз рўйи такаббур (дароз карда) аз қафо мекашад, (ба назари раҳмат) нигоҳ нахоҳад кард”.
(20) Боб. Андар “иштимолу-с-саммо” (тарзи пўшидани либос:
шахс худро ончунон сахт печонад, ки дасту пой ҷунбонида
ва берун бароварда натавонад)
5819. Муҳаммад ибни Башшор ба ман нақл кард: Абдулваҳҳоб ба мо нақл кард: Убайдуллоҳ ба мо нақл кард, аз Хубайб, аз Ҳафс ибни Осим, аз Абўҳурайра, разия-л-Лоҳу анҳу, ки гуфт: “Пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, (дар савдо) муломаса (харидани мол бо ламс кардани он аз ғайри бо чашм дидан) ва мунобаза (молро ба фурўш гузоштани фурўшанда қабл аз онро тагурў карда дидани харидор); (дар) ду (вақт хондани) намоз: баъди (намози) бомдод — то баланд шудани офтоб ва баъди (намози) аср то фурў рафтани офтобро манъ кардааст. Ва онро (ҳамчунин манъ кардааст), ки шахс худро бо як ҷома эҳтибо (ба замин нишаста тан ва зонуҳояшро якҷоя печонад), вале бар авраташ чизе аз он байни ў ва осмон набошад (авраташ кушода монад) ва онро, ки “иштимолу-с-саммо” кунад (шахс худро ончунон сахт печонад, ки дасту пой ҷунбонида ва берун бароварда натавонад)”.
5820. Яҳё ибни Букайр ба мо нақл кард: ал-Лайс ба мо нақл кард, аз Юнус, аз Ибни Шиҳоб, ки гуфт: Омир ибни Саъд ба ман хабар дод, ки Абўсаъид ал-Худрӣ гуфт: “Пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ду тарзи либоспўшӣ ва ду навъи савдоро манъ кардааст: муломаса ва мунобазаро дар хариду фурўш. Ва муломаса он аст, ки шахс ҷомавори шахси дигарро дар шаб ё дар рўз бо даст ламс кунад ва онро ҷуз бо ҳамин (ламс кардан) тагурў накунад. Ва мунобаза он аст, ки шахсе ба шахсе ҷомавори худро биандозад ва он дигаре (низ) ҷомавори худро биандозад ва ин кор бе нигаристан (ба мол) ва бе розӣ шудани ду тараф савдои он ду ҳисоб меёфт. Ва (аз) ду тарзи либоспўшӣ (яке) иштимоли саммо аст ва саммо он аст, ки шахс ҷома (пўшиш)-и худро ба яке аз ду китфаш чунон ниҳад, ки як нимаи дигараш намоён бошад, бар он нима пўшиш набошад. Ва тарзи дигари либоспўшӣ он аст, ки дар ҳоли нишаста будан шахс чунон худро бо як ҷома эҳтибо кунад (ба замин нишаста тану зонуҳояшро якҷоя печонад), ки бар авраташ аз он ҷома чизе набошад”.
(21) Боб. Андар эҳтибо кардан (ба замин нишаста
тану зонуҳои худро якҷо печондан) бо як ҷома
5821. Исмоъил ба мо нақл карда гуфт: Молик ба ман нақл кард, аз Абуззинод, аз ал-Аъраҷ, аз Абў¬ҳу¬¬рай¬ра, разия-л-Лоҳу анҳу, ки гуфт: “Пайғам¬ба¬ри Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ду тарзи либоспўширо манъ кардааст: он ки мард худро бо як ҷома эҳтибо кунад (ба замин нишаста тан ва зонуҳояшро якҷо печонад), вале бар авраташ аз он чизе набошад; ва он ки шахс худро бо як ҷома иштимол кунад (шахс ҷомаашро ба яке аз ду китфаш чунон ниҳад) ки бар як нимааш пўшиш набошад. Ва (ҳамчунин) муломаса (харидани мол бо ламс кардани он аз ғайри бо чашм дидан) ва мунобаза (молро ба фурўш гузоштани фурўшанда қабл аз онро тагурў карда дидани харидор)-ро манъ кардааст”.
5822. Муҳаммад ба мо нақл карда гуфт: Махлад ба ман хабар дод: Ибни Ҷурайҷ ба мо хабар дода гуфт: Ибни Шиҳоб ба ман хабар дод, аз Убайдуллох ибни Абдуллоҳ, аз Абўсаъид ал-Худрӣ, ки пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, “иштимолу-с-саммо” (худро ончунон сахт печондан, ки дасту пой ҷунбонида ва берун бароварда натавонад)-ро манъ кардааст ва онро (ҳамчунин манъ кардааст) ки шахс дар як ҷома худро эҳтибо кунад (ба замин нишаста тан ва зонуҳояшро якҷоя печонад) ва бар авраташ аз он ҷома чизе набошад”.
(24) Боб. Дар бораи ҷомаҳои сафед
5826. Исҳоқ ибни Иброҳим ал-Ҳанзалӣ ба мо нақл кард: Муҳаммад ибни Бишр ба мо хабар дод: Мисъар ба мо нақл кард, аз Саъд ибни Иброҳим, аз падараш, аз Саъд, ки гуфт: “Рўзи (ҷанги) Уҳуд аз тарафи дасти чап ва дасти рости пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ду мардро дидам, ки бар онҳо ҷомаҳои сафед буд. Ман онҳоро пеш аз он надида будам ва баъди он ҳам надидаам”.
5827. Абўмаъмар ба мо нақл кард: Абдулворис ба мо нақл кард, аз ал-Ҳусайн, аз Абдуллоҳ ибни Бурайда, аз Яҳё ибни Яъмур, ки ба вай он чиро нақл кардааст, ки Абуласвад ад-Дилӣ ба вай нақл кардааст, ки Абўзарр, разия-л-Лоҳу анҳу, ба ў нақл карда гуфт: “(Боре) ба ҳузури пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, дар ҳоле омадам, ки ў хуфта буд ва бар тан ҷомаи сафед дошт. Сипас боз ба ҳузураш омадам, ки дар воқеъ бедор шуда буд ва гуфт: “Чунин бандае нест, ки “ло илоҳа илло-л-Лоҳ” (нест худое ҷуз Худои Ягона) гўяд, сипас бар он (ақида) бимирад, магар он ки ба биҳишт дарояд”. Ман гуфтам: “Ва агар зино кунад ва агар дуздӣ кунад (чӣ)?” Гуфт: “Ва агар зино кунад ва агар дуздӣ кунад”. Гуфтам: “Ва (оё) агар зино кунад ва агар дуздӣ кунад?” Гуфт: “Ва агар зино кунад ва агар дуздӣ кунад!” Гуфтам: “Ва (оё) агар зино кунад ва агар дуздӣ кунад?” Гуфт: “Ва агар зино кунад ва агар дуздӣ кунад, агарчи бинии Абўзар бар хок шавад (на ба рағми майлу хоҳиши Абўзар)”. Ва Абўзар ҳар гоҳ ин ҳадисро нақл мекард, мегуфт: “Агарчи бинии Абўзар бар хок шавад (агарчи ба рағми Абўзар бошад ҳам)”. Абўабдуллоҳ (ал-Бухорӣ) гуфт: “Ин ҳангоми марг ё пеш аз он аст, ки чун касе тавба кунад ва (аз гуноҳон) пушаймон шавад ва гўяд: “Ло илоҳа илло-л-Лоҳ” (нест худое ҷуз Худои Ягона) — ў омурзида мешавад”.
(35) Боб. Дар бораи ҷомаи сурх
5848. Абулвалид ба мо нақл кард: Шуъба ба мо нақл кард, аз Абўисҳоқ, ки аз ал-Баро, разия-л-Лоҳу анҳу, шунидааст, ки мегуфт: “Пайғам¬бар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, миёнақад буд ва ба ростӣ, ўро дар ҷомаи сурх дидам ва ҳаргиз чизе некўтар аз он надидаам”.
(60) Боб. Дар бораи сихоб (тавқи гарданҳо)
барои писарбачагон
5884. Исҳоқ ибни Иброҳим ал-Ҳанзалӣ ба ман нақл кард: Яҳё ибни Одам ба мо хабар дод: Варқо ибни Умар ба мо нақл кард, аз Убайдуллоҳ ибни Абўязид, аз Нофеъ ибни Ҷубайр, аз Абўҳурайра, разия-л-Лоҳу анҳу, ки гуфт: “Дар яке аз бозор¬ҳои Мадина ҳамроҳи пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, будам. Пас ў (аз бозор) бирафт ва ман ҳам бирафтам. Пас ў гуфт: “Хурдакак куҷост?” — се бор — “ал-Ҳасан ибни Алиро бихонед!” Ва ал-Ҳасан ибни Алӣ бархосту қадам мезад ва дар гарданаш тавқе буд. Ва пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, дасташро чунин (дароз) кард. Ва ал-Ҳасан низ дасташро чунин (дароз) кард. Пас пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ўро оғўш гирифт ва гуфт: “Бор Худоё, ман ба ў муҳаббат дорам ва Ту ҳам ўро маҳбуби Худ бигардон ва ҳар киро, ки ба ў муҳаббат дорад, (низ) маҳбуби Худ бигардон”. Абўҳурайра гуфт: “Баъди он ки пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, он гуфтаҳои худро бигуфт, барои ман аз ал-Ҳасан ибни Алӣ касе маҳбубтар нест”.
(63) Боб. Андар кўтоҳ кардани мўйлаб (бурут)
Ва Ибни Умар буруташро ончунон бисёр месутурд (мегирифт), ки сафедии пўсташ дида мешуд; ва ин дуро низ мегирифт — яъне (мўйи) байни мўйлаб ва рўяшро.
5888. ал-Маккӣ ибни Иброҳим ба мо нақл кард, аз Ҳанзала, аз Нофеъ: дўстонамон гуфтанд, аз ал-Маккӣ, аз Ибни Умар, разия-л-Лоҳу анҳумо, аз пайғам¬ба¬р, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам: “Кўтоҳ кардани мўйлаб (бурут) аз фитрат (дин, қобили дини ислом будан, офариниш) аст”.
5889. Алӣ ба мо нақл кард: Суфён ба мо нақл карда гуфт: аз-Зуҳрӣ ба мо нақл кард, аз Саъид ибни ал-Мусайяб, аз Абўҳурайра — ба тариқи ривоят (аз пайғам¬ба¬р, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам): “Фитрат (дин, қобили дини ислом будан, офариниш) панҷ чиз аст — ё панҷ чиз аз фитрат аст: хатна кардан, чидан ё тарошидани мўйи зери ноф, чидани мўйи зери бағал, гириф¬тани нохун ва кўтоҳ кардани мўйлаб (бурут)”.
(64) Боб. Андар гирифтани нохун
5890. Аҳмад ибни Абўраҷо ба мо нақл кард: Исҳоқ ибни Сулаймон ба мо нақл карда гуфт: аз Ҳанзала шунидам, аз Нофеъ, аз Ибни Умар, разия-л-Лоҳу анҳумо, ки аз пайғам¬ба¬ри Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт: “Тароши¬да¬ни мўйи зери ноф, гирифтани нохун ва кўтоҳ кардани мўйлаб (бурут) аз фитрат (дин, қобили дини ислом будан, офариниш) аст”.
5891. Аҳмад ибни Юнус ба мо нақл кард: Иброҳим ибни Саъд ба мо нақл кард: Ибни Шиҳоб ба мо нақл кард, аз Саъид ибни ал-Мусайяб, аз Абўҳурайра, разия-л-Лоҳу анҳу: аз пайғам¬ба¬р, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, шунидам, ки мегуфт: “Фитрат (дин, дини ислом, офариниш) панҷ чиз аст: хатна кардан, чидан ё тарошидани мўйи зери ноф, кўтоҳ кардани мўйлаб (бурут), гирифтани нохун ва чидани мўйи зери бағал”.
5892. Муҳаммад ибни ал-Минҳол ба мо нақл кард: Язид ибни Зурайъ ба мо нақл кард: Умар ибни Муҳаммад ибни Зайд ба мо нақл кард, аз Нофеъ, аз Ибни Умар, аз пайғам¬ба¬р, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, ки гуфт: “Бар хилофи мушрикон (бутпарастон) бошед — риш ба анбўҳӣ фурў гузоред ва мўйлаб (бурут) бисутуред (бигиред, кўтоҳ кунед ё тарошед).
Ва Ибни Умар ҳар гоҳ ҳаҷ ё умра ба ҷой меовард, ришашро қабза мекард ва ҳар чиро, ки фузун аз он бувад, мегирифт (мебурид)”.
(65) Боб. Андар фурў гузоштани риш
(Маънои) афав (ки “аъфо” — “фурў гузоштан” аз он сохта шудааст): “афзун шуданд” ва “мол (ва дороияшон) афзун шуд” аст.
5893. Муҳаммад ба ман нақл кард: Абда ба мо хабар дод: Убайдуллоҳ ибни Умар ба мо хабар дод, аз Нофеъ, аз Ибни Умар, разия-л-Лоҳу анҳумо, ки гуфт: пайғам¬ба¬ри Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт: “Мўйлаб (бурут) кўтоҳ кунед, риш ба афзунӣ фурў гузоред”.
(72) Боб. Дар бораи қазаъ (нотарошида фурў гузоштани
қисме аз мўйи сар — кокул, кокули назрӣ)
5920. Муҳаммад ба мо нақл карда гуфт: Махлад ба ман хабар дода гуфт: Ибни Ҷурайҷ ба ман хабар дода гуфт: Убайдуллоҳ ибни Ҳафс ба ман хабар дод, ки Умар ибни Нофеъ ба вай хабар додааст, аз Нофеъ — мавлои Абдуллоҳ, ки вай аз Ибни Умар, разия-л-Лоҳу анҳумо, шунидааст, ки мегуфт: “Пайғам¬ба¬ри Худоро, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, шунидам, ки қазаъро манъ мекард”. Убайдуллоҳ гуфт: “Ман гуфтам: ва “қазаъ” чист?” Пас Убайдуллоҳ барои мо ишо¬ра карду гуфт: “Ҳар гоҳ кўдакро сар таро¬шан¬ду ҳо ана ин ҷо ва ҳо ана ин ҷо мўй фурў гузо-ранд”. — Ва Убайдуллоҳ барои мо ба ҷои мўйи пешонии худаш ва ҷониби сараш ишора кард. Ба Убайдуллоҳ гуфтанд: “(Манзур кист -) дух¬тар ё писар?” Гуфт: “Намедонам, ҳамин тавр гуфт: “Кўдак”. Убайдуллоҳ гуфт: “Ман дубора аз ў суол кардам, ў гуфт: “Аммо мўйи ду ҷониби сар (чакка) ва мўйи қафои сар барои писар зиёне надорад. Валекин “қазаъ” он аст, ки касе дар пешониаш мўй фурў гузораду дар сари ў ғайри он мўй фурўгузошта набошад. Ва ҳамчунин ними сараш аст — ин (нима) ва он (нима)”.
5921. Муслим ибни Иброҳим ба мо нақл кард: Абдуллоҳ ибни ал-Мусанно ибни Абдуллоҳ ибни Анас ибни Молик ба мо нақл кард: Абдуллоҳ ибни Динор ба мо нақл кард, аз Ибни Умар, ки пайғам¬ба¬ри Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, аз қазаъ манъ кард.
Эзоҳ: матни комили “Китоби либос”-и “Саҳеҳи ал-Бухорӣ”-ро аз бахши китобҳои сомонаи Маркази исломшиносӣ cis.gov.tj рўзҳои наздик дастрас карда метавонед.