ММТ: барои баргардонидани маблағҳо бо ариза муроҷиат кунед
Душанбе, 14.05.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабоне, ки аз қайд гузаштаанду вале бо сабабҳои гуногун дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок карда наметавонанд ё барои азнавбақайдгирӣ маблағ пардохт кардаанду вале аз нав аз қайд нагузаштаанд ва нафароне, ки маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро пардохт кардаанду вале аз қайд нагузаштаанд, мерасонад, ки барои баргардонидани маблағҳо бояд то 13 уми майи соли равон бо ариза ба Марказ муроҷиат шавад.
Баргардонидани маблағи пардохтшуда барои хизматрасониҳо ба довталаб ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ дар асоси ариза ба роҳ монда шудааст, яъне, дар сурати даст кашидан аз иштирок, ё надоштани имконият барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ довталаб (ё намояндаи ваколатдори ӯ) бояд дар муҳлати муқарраршуда бо ариза ба Марказ муроҷиат карда, варақаи бақайдгириро пешниҳод намояд.
Пешакӣ огоҳ менамоем, ки аз 13 уми майи соли 2015 равандҳои дигари нақшавии омодагӣ ба имтиҳонҳо бо назардошти шумораи довталабони азқайдгузашта оғоз мегарданд ва ин имкон намедиҳад, ки минбаъд маблағҳои пардохтшуда барои шахсони мазкур, чӣ бо тартиби муқаррарӣ ва чӣ бо тартиби истисноӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки аз довталаб вобастагӣ надоранд), баргардонида шаванд.
Агар довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашидан хоҳад ё барои иштирок дар имтиҳонҳо имконият надошта бошад ва ба марказ барои бозпас гирифтани маблағи пардохтшуда аз муҳлати муқаррарнамуда дер муроҷиат намояд, маблағи пардохтшуда, ба истиснои ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки аз довталаб вобастагӣ надоранд ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ гардидаанд, баргардонида намешавад.








КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






